Идибек Ризоев

  hdibegrizИдибек Ризоев соли 1915 дар деҳаи Мотравни ҷамоати деҳоти Язғулом дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактабҳои нави шӯравӣ гирифта, солҳои 1936-1937 таҳсилро дар омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ғарм идома додааст. Пас аз хатми он ба зодгоҳаш баргашта, дар таълиму тарбияи наврасон ҳиссаи арзанда гузошт. Зиёда аз 20 соли умри бобаракати худро дар роҳбарии мактабҳои деҳшӯрои Язғулом сарф намуд. Соли 1956 ба Шӯъбаи ғоибонаи бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1965 бомуваффақият хатм намуд ва то охири ҳаёт ба касби омӯзгорӣ содиқ монд.
  И.Ризоев дар амалӣ намудани сиёсати созандагии Ҳукумати Шӯравӣ дар кӯҳистони дурдаст фаъолияти баланд нишон додааст. Аъзои ҷамъияти “Дониши” ҷумҳурӣ буда, илму фарҳангро байни омма тарғиб мекард. Дар давраи фаъолияти меҳнатиаш шогирдони зиёдеро тарбия намуд, ки имрӯз дар хизмати халқу Ватан ҳиссагузоранд. Ҳукумати Шӯрави хизматҳои ӯро ба назар гирифта бо се ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, ордени “Байрақи Сурхи меҳнат” қадр намудааст.
   И.Ризоев соли 1994 дар деҳаи Матравн вафот кардааст. Хизмати бебаҳои ӯро ба назар гирифта, ҳамдиёрон бо қарори Шӯрои омӯзюрон аз 14 ноябри соли 1994 (№4) мактаби миёнаи рақами 21-ро ба номи Идибек Ризозода гузоштанд.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.