Заминаҳои зери тасарруфи Бухоро қарор гирифтани Дарвозу Ванҷ

  Оғози забткориҳои Русия дар Осиёи Миёна барои дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ заминаи устувор эҷод кард. Аз раванди футуҳоти Русия аморати Бухоро дар канор монда натавонист.
  Нақшаи тасарруфи Осиёи Миёна дар доираҳои ҳарбию дипломатии Русия хеле пештар пешбинӣ ва тарҳрезӣ шуда бошад ҳам[1], барои амалӣ шудани он дар миёнаи солҳои 60-уми асри XIX шароити мусоид фароҳам омад. Соли 1964 отрядҳои ҳарбии Русия дар ду самт (аз қалъаи Верное (феълан ш. Алмата) ва аз Қизилорда) ба амалиёти ҳарбӣ оғоз намуда, моҳи май Авлиёота, июн қалъаи Туркистонро ишғол карданд. 21 сентябр баъди Чимкентро ба даст даровардан, қувваҳои ҳарбии ду самти стратегӣ амалан бо ҳам пайвастанд ва барои фатҳи Тошканд, ки он вақт дар ҳайати хонии Қӯқанд буд, сафарбар шуданд. Якуми октябри соли 1863 барои иҷрои ин амал генерал М.Г.Черняев ба самти Тошканд хурӯҷ кард. Вале ҳуҷуми аввал барояш бебарор анҷом ёфт. Бори дуввум бо тайёрии ба маротиб ҷиддӣ 29-уми апрели соли 1865 Черняев барои ишғол кардани шаҳри аз ҷиҳати ҳарбию стратегӣ бисёр муҳимми Осиёи Миёна – Тошканд, ба ҳуҷуми қатъӣ гузашт. Ӯ дарғоти канали Анҳорро, ки аз дарёи Чирчиқ шаҳрро бо об таъмин мекард баста, шаҳрро ба муҳосира гарифт ва сипас ба ҳуҷум гузашт. Ба муқобилияти сахти сокинони шаҳр нигоҳ накарда, шаби 14 ба 15-ми июн ба Черняев муяссар шуд, ки ба ин шаҳр ворид гардад. Ҷангҳои шадид дар дохили шаҳр се рӯз идома ёфтанд. Ниҳоят, баъди 17-ми июн лашкари рус муқобилияти муҳофизони Тошкандро шикаст. Черняев бо намояндагони шаҳр шартнома имзо кард, ки мувофиқи он Тошканд мулки мустақил эълон шуд.
  Амалиёти забткоронаи Русия дар минтақа, ба замоне рост омад, ки зиддияти бардавоми байни Бухорову Қӯқанд ҳамоно идома дошт. Амири Бухоро аз фурсат истифода бурда, барои ишғол намудани Хуҷанд ба муқобили Қӯқанд лашкар кашида, ҳамзамон аз Черняев талаб кард, ки аз Тошканд қӯшунашро бароварда, шаҳрро ба ихтиёри ӯ гузорад. Ин талаби амири Бухоро баҳонаи ба таври расмӣ моҳи октябри соли 1865 ба ҳайати Русия дохил намудани Тошканд, инчунин амалиёти тарафайни ҳарбии байни қӯшунҳои русу аморати Бухоро гардид.
  Черняев ба ҷанг омода шудани амир Музаффарро фаҳмида, моҳи январи соли 1866 ба самти Ҷиззах, ки ба қаламрави аморат шомил буд, бо отряди начандон калони ҳарбӣ ҳаракат кард, вале ба муқобилияти сахти сокинони Ҷиззах дучор шуда, ғайри чашмдошт шикаст хӯрд. Барои бебарории ин амалиёти ҳарбӣ Черняевро аз вазифаи фармондеҳӣ озод карда, ба ҷои ӯ генерал Д. И. Романовскийро таъйин намуданд. Ин ҳодиса амирро, ки аз иқтидори ҳарбии қӯшуни рус ва тактикаи ҷангии он бехабар буд, ба дараҷаи боварибахш рӯҳбаланд кард. Бо лашкари зиёди хеш амир Музаффар 8-ми майи соли 1866 дар муҳорибаи Эрҷор (роҳи Ҷиззаху Қӯқанд) шикасти сахт хӯрда ба Самарқанд гурехт. Акнун барои қӯшуни рус роҳ ба сӯи Хуҷанд кушода шуд. Бисту якуми май русҳо шаҳрро ба муҳосира гирифта, онро бо тӯпҳо гулӯлаборон карда, харобу валангор намуданд. 24-ми май шаҳр ишғол карда шуд. Тибқи баъзе маълумот аз муҳофизони шаҳр 2,5 ҳазор нафар ба ҳалокат расид[2]. 28-ми май Нов, 2-юми октябр Ӯротеппа (Истаравшан) бо талафоти зиёде ба дасти қӯшунҳои рус гузаштанд. Шикасти навбатии лашкари амир дар Ҷиззах 18 октябри соли 1866 бо ҳалокати 2,5 ҳазор сарбоз анҷом ёфт.
  Соли 1867 дар асоси ҳудуди вилояти Туркистон, ки соли 1865 дар ҳайати генерал-губернатории Оренбург таъсис шуда буд ва дигар музофотҳои аз соли 1847 ва баъд забтшуда, воҳиди сиёсии генерал- губернатории Туркистон таъсис дода шуд. Ба ҳайати ин воҳиди муҳими тозабунёди Русия аввалан ду вилоят: Сирдарё бо марказаш Тошканд ва Ҳафтруд бо марказаш Верний (феълан Алматои Қазоқистон) дохил ме- шуданд. (Минбаъд аз ҳисоби музофоту ноҳияҳои нав тасарруфшуда, вилоятҳои Самарқанд ва Фарғонаву Закаспия (Он тарафи баҳри Каспий) таъсис ёфта, шумораи ин вилоятҳо ба панҷто расонида шуд). Бо таъсиси генерал-губернатории Туркистон (14 июли соли 1867) ба сифати генерал губернатор ва фармондеҳи Округи ҳарбии Туркистон генерал-адъютант барон фон Кауфман, ки таҷрибаи бойи ташкилотчигии маъмурӣ ва ҳарбӣ дошт, таъйин гардид. Ба ӯ ҳуқуқ дода шуда буд, ки дар кишвар вобаста ба вазъият, бо салоҳдиди пурраи худ амал намояд.
  Амири Бухоро ҳамоно муносибати оштинопазирии хешро нисбати амалиёти забткоронаи Русия идома медод. Акнун ҳадафи мубориза Самарқанд қарор ёфта буд. Якуми майи соли 1868 дар баландии Чӯпонатои назди Самарқанд дар байни қӯшунҳои рус ва сарбозони амир муҳорибаи шадиде рӯй дод. Амир шикасти сахт хӯрд ва Самарқанд низ ба қаламрави Русия гузашт. Натиҷаи ин ҷанг ба иловаи аз даст додани Самарқанд барои Бухоро имзо намудани шартномаи тиҷоратии байни Русияю Бухоро аз 11 майи соли 1868 гардид. Мувофиқи ин шартнома савдогарони Русия ҳуқуқи дар тамоми қаламрави аморат озодона машғули тиҷорату савдо шуданро гирифтанд. Вале ин шартнома пеши роҳи амалиёти забткоронаи Русияро дар заминҳои Бухоро гирифта натавонист. 12 май Ургут, 18 май Каттақӯрғон аз тарафи аскарони рус забт шуданд. 2 июни соли 1868 дар наздикии Зирабулоқ охирин муҳорибаи байни Русия ва Бухоро бо шикасти ҳалкунандаи қӯшунҳою дастаҳои ихтиёриёни амири Бухоро анҷом ёфт. Дар ин муҳориба амир 1 500 сарбозашро талаф дод. Баъди ин шӯриши Самарқанд низ аз тарафи ҳарбиёни рус бераҳмона пахш карда шуд. Акнун амири дар ҳолати ногувор қарорёфта маҷбур шуд, ки 23 июни соли 1868 ба шартномаи байни Русияву Бухоро имзо гузорад. Мувофиқи он Бухоро ба тобеъияти пурраи ғайрирасмии (протекторат) Русия гузашт. Ин шартнома бо баъзе сабабҳои сиёсӣ аз тарафи императори Русия ба имзо нарасида бошад ҳам, аз тарафи амири Бухоро бе чуну чаро риоя мешуд. Шартномаи воқеан расмии навбатӣ байни Русияву аморати Бухоро 28 сентябри соли 1873 дар Шаҳрисабз ба имзо расид. Ин шартномаи расман «дӯстӣ», амалан тобеъияти Бухороро ба Русия ба расмият даровард. Албатта, Русия метавонист аморати Бухороро бе мушкилии зиёди ҳарбӣ пурра ба қаламрави худ ҳамроҳ намояд, вале бо назардошти чунин сабабҳои сиёсию стратегӣ ва дипломатӣ ин корро накард: а) хавфи бо ҳам бархӯрдани сарҳади Ҳиндустони дар тобеъияти Англия буда бо Русия, зарурати нигоҳ доштани ҳад – минтақаи муштарака ё буфериро ба миён овард; б) нигоҳ доштани ҳадди эътидоли норизоии давлатҳои абарқудрат аз ин амали забткорона ва хавфи дар ҷудоии байналмиллал мондан; в) аз байн набурдани Бухоро ҳамчун кишвари мустақил ва яке аз марказҳои муҳими динии ҷаҳони ислом ва бо ин василв муқобилияти муташаккилонаи мусулмононро ба вуҷуд наовардан; г) аз тарафи амир пурра эътироф шудани тобеъияти худ, дар амал зарурати аз байн бурдани аморатро аз миён бардошта буд. Акнун, амир Музаффар, ки аз тарси тамоман бетахт мондан эмин гашта буд, метавонист аз ин «дӯстии беғаразона» истифода барад. Ӯ бо дастгирии бевоситаи генералгубернатори Туркистон хавфи Абдумалики исёнбардоштаро аз байн бурд ва ба ивази музофотҳои аздастрафтааш ба амалиёти зӯран ҳамроҳ намудани мулкҳои мустақилу ниммустақили Бухорои Шарқӣ оғоз намуд.
  Ҳамин тариқ, баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна ва зери фармонфармоии (протекторат) он гузаштани аморати Бухоро (1868), ба ивази тобеияти бечунучаро ба мутлақияти подшоҳии рус, амир Музаф- фар (1860-1885), барои ба зери тасарруфи худ даровардани мулкҳои мустақилу ниммустақили Бухорои Шарқӣ, розигии генерал-губернатори Туркистон К.П. фон-Кауфманро гирифта, бо ёрии ӯ мулкҳои ин минтақаро паси ҳам зӯран ба худ тобеъ кард.
  Дар арафа ва замони амалиёти ҳарбии Русия мулкҳои Бухорои Шарқӣ: Шаҳрисабз, Китоб, Бойсун, Деҳнав, Қӯрғонтеппа, Ҳисор, Кӯлоб, Балҷувон, Қаротегин, Дарвоз бо миригарии Ванҷ ва Помири ғарбӣ дар ҳолати парокандагӣ қарор доштанд. Дараҷаи пасти истеҳсолоти низоми феодалӣ, дар баъзе аз ин мулкҳо ҳанӯз боқӣ мондани муносибатҳои патриархалӣ, табиист, ки ба пешравии истеҳсолот мусоидат намекард. Ба замми ин афту дарафт ва ҷангҳои харобиовари байни ҳамдигар, ҳадафи таҳдиду хурӯҷи хонигарихои нисбатан муттамарказу бузургтари ҳамсоя шудан, инчунин, муборизаҳои беисти намояндагони хонадонҳои ҳукмрон барои ҳокимият ин мулкҳоро дар ҳолати харобиву қашшоқии бардавом нигоҳ медоштанд. То оғози амалиёти забткоронаи Русия дар минтақа ин мулкҳо, алалхусус онҳое, ки дар қисми ба аморати Бухорову хонигарии Қӯқанд наздик ҷой гирифта буданд, борҳо ҳадафи ҳуҷуми ғоратгаронаи ин ду давлат шуданд. Муборизаи соҳибтахтони ин ду кишвар барои васеъ кардани қаламрави давлати худ дар бисёр мавридҳо ба ҳуҷуму ҷангҳои ғоратгарона табдил меёфт ва баробари муборизаи озодихоҳонаи сокинони мулки ғасбшуда, яке аз сабабҳои ҳалкунандаи ба осонӣ аз зери тасарруфи онҳо раҳо ёфтану мустақилияти хешро нигоҳ доштани ин мулкҳо мегардид.
  Акнун амир Музаффар дар шахсияти генерал-губернатор такягоҳи боэътимод пайдо карда буд, дар охири соли 1866 – ибтидои 1867 Қаршӣ ва Шаҳрисабзро пурра ба тобеъияти худ дароварда, ба водии Ҳисор ҳуҷум кард. Аз ин ҳодиса огоҳӣ ёфта ҳокими Ҳисор Абдулкарим додхоҳ аз ҳисоби сарбозони худ, дастаҳои ихтиёрии аз Бойсуну Деҳнав ҷамъ карда ва лашкари ҳокими Кӯлоб Сарахон (Сарабек), ки барои амалиёти ҳамдастона ба ин ҷо омада буд, лашкари нисбатан сершумореро ба муқобили қӯшунҳои амир сафарбар карда тавонист. Албатта қувваи асо- сии ин лашкарро ҳисориён ташкил медоданд. Бесабаб набуд, ки ҷамъи ин лашкарро дар якҷоягӣ чун қувваҳои зиддиамирии ҳисориён меши- нохтанд. Амалиёти ҷангӣ, ба муқобилияти сахти ҳисориҳо нигоҳ накарда, бо ғалабаи қӯшунҳои амир анҷом ёфт. Ваҳшонияти сарбозони амир дар поёни ин ҷанг ҳадду андоза надошт. Мувофиқи маълумоти устод С.Айнӣ фақат баъди ишғол намудани қалъаи Деҳнав, ки мудофиачиё- наш шаш рӯз ҳуҷуми пай дар пайи лашкари амирро гардонда тавони- станд, ҳазор нафар асиронро дар пеши чашми амир, албатта бо фармони ӯ, сар буриданд1. Сипас қӯшуни амир ба самти Ҳисор ҳаракат намуда, қалъаҳои Регар, Қаротоғ ва ғайраро вайрону валангор кард. Ҳокими Ҳисор Абдулкарим, ки умеди ғалаба ва ҳатто муқобилиятро батамом аз даст дода буд, бо ҳамроҳии иттифоқчиаш Сарахон ба Кӯлоб гурехта, хост, ки дар он ҷо паноҳ ёфта, ҷон ба саломат барад. Вале Сарахон, ба- рои худро дар назди амир сафед кардану аз ҷазо эмин мондан, Абдулка- римро асир карда ба назди амир Музаффар фиристод. Дар Дарбанди Бойсун бо ҳукми амир аввал ҳамсафони наздики Абдулкарим, сипас ав- лодону аъзоёни аз 14-сола болои хонаводаашро дар пеши назараш аз дами теғ гузаронида, ахиран худашро ба қатл расонданд.
  Баъди ин юриши ғалабаовар амир дар мулкҳои ба тасарруфаш даро- мадаи Бойсун, Деҳнав, Ҳисор ва Файзобод аз ҳисоби наздикони худ ҳоким таъйин намуда, ба Бухоро баргашт. Вале ин дастболоӣ ҳанӯз маънои ғалабаи пурра ва қатъии ӯро надошт. Аз ҷумла ҳокими Кӯлоб Сарахон ва беки ба тозагӣ таъйингардидаи Ҳисор аз итоат ба ӯ сар печи- данд. Ба замми ин исёни писараш Абдумаликтӯра, ки аз муборизаи ко- теъонаи зидди Русия даст кашидану тобеъияти пурраи худро шинохтани падараш норозӣ буд, мавқеи сиёсӣ ва пояҳои ҳокимиятдории амирро хе- ле ноустувор гардониданд. Акнун ӯ ягона илоҷи халосиро аз ин вартаи барояш махуф дар дастгирии бевоситаи генерал-губернатори Туркистон медид. Барои пеш бурдани сиёсати мустамликадории ҳокимияти подшоҳии рус низ ин ҳолати ногувори амир ва ягона такягоҳ эътироф шудани Русия мусоидат мекард.
  Бо дастгирии генерал-губернатор К.П.Кауфман, ки бевосита бо амри ӯ отрядҳои ҳарбии рус шӯриши Абдумаликро пахш намуда, пойгоҳи асосиаш Китобу Шаҳрисабзро аз нав тобеъи аморат намуданд, амир Музаффар дуввумбора соли 1870 ба сӯи Ҳисор лашкар кашид. Дар ин самт ӯ муқовимати қӯшуни бекҳои ба тозагӣ худаш таъиннамудаи Шерободу Деҳнавро бераҳмона пахш карда, ба Ҳисор наздик шуд. Барои фатҳи маркази ин мулк ба амиру сарбозони сершумор ва бартарии чандинкара- таи яроқаш нигоҳ накарда, 15 рӯз беист муборизаи шадид бурдан лозим омад.
  Амир бо ваҳшонияти зиёде муқобилияти ҳисориёнро пахш намуд. Ба ғайр аз ҳалокшудагони майдони ҳарб, ки шумораашон аз 5 ҳазор кам на- буд, баъди ишғол кардани қалъаи Ҳисор бо фармони ӯ зиёда аз 2 ҳазор занону кӯдаконро дар ҳавзи пуроб ғарқ кунонда бо азоби сахте ба ҳалокат расониданд. Ҳамин сол амир бо сардории Яъқуббек қӯшбегӣ ба муқобили ҳокими Кӯлоб Сарахон, ки дар он вақт мулкҳои Қӯрғонтеппаву Қабодиёнро низ дар итоаташ нигоҳ медошт, лашкар фиристод. Дар ин ҷо боз бояд ёдовар шуд, ки соли 1868 Сарахон бо мақсади Қаротегинро забт намудан ба соҳили Хингоб лашкар кашид, вале оғози амалиёти ҷиддии ҳарбии амир барои тасарруфи нави котеъонаи мулкҳои аз итоаташ баро- мадаи Бухорои Шарқӣ барои амалӣ шудани ин кӯшиш роҳ надод. Сара- хони ҳангоми забти дуввумбораи Ҳисор[3] аз ваҳшонияти амир ба тахлуқа афтода, бе муқобилият мулкашро тарк намуда, бо ҳамроҳии наздиконаш ба Афғонистон фирор кард. Ин ҳодиса ба Яъқуббек имкон дод, ки бе ягон амалиёти ҷангӣ Кӯлобу Балҷувонро ба қаламрави аморати Бухоро ҳамроҳ созад[4]. Амир ба сифати бек дар ин мулкҳои ғасбшуда шахсони наздику боваринокаш: Наҷмиддинхоҷаро дар Кӯлоб, Сайидниёз Кийкчиро дар Балҷувон ва Яъқуббек қушбегиро дар тамоми водии Ҳисор таъйин намуд. Ӯ махсусан барои «хизмат»-аш дар маъракаҳои забткоронаи ҳарбӣ ба Яъқуббек ҳуқуқи қариб номаҳдуди идораи бекигарии аз ҷиҳати ҳудуд хе- ле васеи Ҳисор, инчунин фармонфармоии тамоми минтақаи ба ихтиёри аморат гузаштаро дод[5].
  Акнун аз мулкҳои Бухорои Шарқӣ фақат шоҳигариҳои Қаротегину Дарвоз пурра набошад ҳам истиқлолияти пештараи худро нигоҳ медош- танд, вале хавфи ба доираи тасарруфи аморати Бухоро афтидан онҳоро ҳарчи бештар таҳдид мекард. Аз тарафи дигар вазъи сиёсии ин шоҳигариҳо хеле ноустувор буд. Доир ба хокимони охирини Қаротегин дар ахбори мавҷуда ихтилофҳо ба назар нарасад ҳам, баъзе нуктаҳои баҳсталаб мушоҳида мешаванд. Масалан, аз маълумоти Н.А. Кисляков бармеояд, ки солҳои 1870-1876 ҳокими Қаротегин Раҳимхон – писари бародари калонии амир Музаффар Муқимхон будааст. Ӯ майли истиқлолияти Қаротегинро таъмин намудан доштааст. Аз ин ният амир хабар ёфта, ба ҷояш писари амакаш Сайидхонро таъйин намудааст. Ин амал боиси норозигии халқи маҳаллӣ гардид. Мардум талаб карданд, ки амир Раҳимхонро ба ҷояш баргардонад[6].
  Мувофиқи шарҳи Б.Ғ. Ғафуров Раҳимшо аз задухӯрдҳои дохилӣ исти- фода бурда, ҳокимияти Қаротегинро ба даст гирифт ва бо нияти устувор гардонидани мавқеи худ ҳар замон тобеъияташро аз аморати Бухоро на- моишкорона нишон медод ва ин сабаби афзудани ихтилофи миёни Бухоро ва Қӯқанд гардид. Вале бо дахолати бевоситаи генерал-губернатор ин ихтилоф то ба дараҷаи задухӯрди яроқнок нарасид. Ҳокими нави Қаротегин Саид Муҳаммадаминшо кӯшиш мекард, ки мустақилияти худ- ро таъмин намояд ва ин ба маъмурини Туркистон нописанд омад ва бо ёрии онҳо дере нагузашта ба ҷои ӯ боз ҳамон Раҳимшо (Раҳимхон), ки дар Бухоро иқомат дошт, ҳокимиятро соҳиб гашт[7].
  Дар ин ҷо бояд ёдовар шавем, ки кӯшиши муқовимати аҳолии Қаротегинро ба муқобили сиёсати забткоронаи амири Бухоро экспедитсияи намоишкоронаи ҳарбӣ-илмии губернатори вилояти Фарғона гене-рал Скобелев дар соли 1876 ба самти Қаротегину Помир тамоман заиф кард. Аз ин вазъ мувофиқ истифода бурда, амир Музаффар соли 1877 барои пурра тобеъ намудани Қаротегин зери фармондиҳии Худойназар атолиқ лашкар фиристод. Ӯ бе ягон муқобилият Қаротегинро чун воҳиди маъмурии бекигарӣ ба ҳайати аморати Бухоро шомил намуд ва ба сифати беки аввалини он бо ҳуқуқи намояндагии дар тамоми бекигариҳои Бухорои Шарқӣ имтиёздошта таъйин шуд. Акнун, тибқи нақша, тобеъ кардани охирин мулки мустақили Бухорои Шарқӣ – Дарвоз масъалаи марказӣ ва ҳалталаби сиёсати забткоронаи амири Бухоро гардида буд. Вале қабл аз таҳлили амали амир дар ин самт, мантиқи мавзӯъ талаб мекунад, ки вазъи сиёсии Шоҳигарии Дарвоз дар арафаи ҳадафи ҳуҷуми қӯшуни амир қарор гирифтанаш шарҳи мухтасари худро ёбад. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

[1] Ниг.: Пирумшоев Х. Российско-среднеазиатские отношения XVI – середины XIX веков в русской историографии. – Душанбе: Маориф, 2000. – С.53-302.
[2] Ҳотамов Н. Таърихи халқи тоҷик (аз солҳои 60-уми асри XIX то соли 1924. – Ду- шанбе: Амри илм, 2001. – С.13.
[3]  Кисляков Н.А. Ишан – феодал Восточной Бухары. – С.7.
[4] Доир ба амалиёти ҷангии дуввумбораи амир Музаффар дар мулкҳои Бухорои Шарқӣ ва муқобилияти сокинони ин минтақа ниг.: Айнӣ С.Таърихи амирони Манғитияи Бухоро // Куллиёт. – Ҷ. 10. – С.42-43; Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Охирҳои асри миёна ва давраи нав. – Китоби 2. – Душанбе, 1985. – С.175-176; Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир в период присоединения Средней Азии к России. – Сталинабад, 1960. – С.176-177; Ҳотамов Н. Таърихи халқи тоҷик (аз солҳои 60-уми асри XIX то соли1924. – Душанбе, 2001. – С.26-27 ва ғайра.
[5]  Туркестанские ведомости. – 1876. – № 15.
[6] Пурратар ниг.: Кисляков Н.А. Очерки по истории Каратегина. Сталинабад, 1954. – С.74 – 87.
[7]  Ниг.: Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. – Китоби 2. – С.176-177. 5
11.Ниг.: Айнӣ С. Таърихи амирони манғитияи Бухоро // Куллиёт. – Ҷ. 10. – С.42-43. 54

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.