Замбӯла

  Ҳарчанд, ки водии Ванҷ аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ дар як минтақаи сарбаста ҷойгир аст, аз замонҳои қадим мардуми ин минтақа саришта ва лаҷоми ҳаёту мамоти пурмашаққати ин водиро маҳкам ба дасти хеш гирифта буданд. Ҳамзамон, ин водӣ аз замонҳои қадим ҳамеша ҳамкадами замона буду ҳамеша ба як минтақаи худқонеъкунанда аз ҷиҳати сохтани асбобу ускунаи рӯзгор табдил ёфта буд.
  Ин водӣ бо оҳангарон, устоҳои чӯбтарош ва иморатсози хеш дар қаламрави Бадахшон аллакай шӯҳрату шаъну эътибори хосса пайдо карда буд. Касбу кори устоӣ дар ин водӣ, ки бештар ба таври қабилавӣ ҷараён дошт, барои беҳдошти сатҳи некӯаҳволии қавм дар ин водӣ мадад мекард. Мардуме, ки ба касбу кори устоӣ сару кор доштанд, маҳсулоти сохтаи хешро, аз қабили табақ, қошуқ, гаҳвора, юғу испор, кавш, дару тиреза, дос, аррадос, каноҷ (метин), новк (новак), корд, каланд оҳани холис ва ғайраву ҳоказо иборат буданд, ба минтақаҳои дигари Бадахшон ва берун аз он барои бадал кардан интиқол медоданд.
  Ҳанӯз дар замонҳои қадим дар қатори дигар ашё ва асбобу ускунаи рӯзгор аз пусти гов дӯхтани замбӯларо як табаддулоте дар ҳаёти рӯзмараи ин мардум гӯем ҳам, хато намекунем. Зеро дар ҳамон давру замон интиқоли маҳсулоти рӯзгор ва хусусан, маводи ғизоӣ аз ҷо ба ҷое ҳамеша барои мардум мушкилот ва дарди сари зиёдатӣ эҷод мекард. Албатта, дар ин самт онҳо аз хизмтрасонии “крч” (сабади калон) ба таври васеъ истифода мебурданд, аммо аз ҷиҳати он, ки крч саркушода ва ҳаводаро буд, ҳангоми интиқоли дуру дароз маводи ғизоии дохили он тез вайрону корношоям мегаштанд.
  Ба қавли Бибии Сумбула, ки соли пор дар бораи замбӯла барои мо маълумоти саҳеҳ дода буд, онро устоҳои моҳирдар ҳамон давру замон чунон мустаҳкам медӯхтанд, ки баъзан дар дохили замбӯла оби ошомиданӣ ҳам мекашонданд ва қатрае аз дохили замбӯла ба берунаш наметаровидааст. Ба гуфти Биби Сумбула маводи ғизоии дохили замбӯла нисбат ба крч дертар вайрон мешудаанд, зеро замбӯлаи чармӣ нам намекашидааст, гармиву сардиро ба дохилаш роҳ намедодааст ва маҳсулоти дохилашро доимо дар як ҳолату ҳарорати муайян нигоҳ медоштааст.
  Чуноне ки дар боло зикр кардем, устоҳои чармгар дар замонҳои қадим замбӯларо аз пӯсти молида ва соишдодаи гов месохтанд. Устоҳои чармгар пӯсти говро дуру дароз соиш дода, ба адре мулоим карда, қисмати поён ва ду тарафи онро бо “врич” (ришта)-и аз пӯсти гов омодакарда медухтанд,баъдан қисмати болоии замбӯларо андаке таҳ карда, медӯхтанду аз дохили қаткардашудаи дӯхтагӣ боз вричи дарози каме паҳнтарро мегузарониданд, ки ин вричи дароз нақши маҳкамкунандаи даҳони забуларо мебозид. Баъди маҳкам кардани дахони замбӯла вричро чанд печи дигар дар қисмати болоии кашидашуда ба хотири надаромадани ҳаво ва ҳарорати гармӣ мепечонданд. Замбӯла як “кашак” (тасма) дошта, дар ҳолати пуштора кардани замбӯла шахси пушткунанда кашаки онро мувофиқи завқи худаш ё аз тарафи рост, ё аз тарафи чап пуштора мекардааст. Азиз Қадамов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.