Диловар Давлатов

  dilovaridavlatДиловар Давлатов 10 августи соли 1948 дар деҳаи Гишхуни деҳшӯрои Ванҷ ба дунё омадааст. Баъди мактаби миёна, солҳои 1964-1966 дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳияи Қумсангир таҳсил намуда, фаъолияти меҳнатиаш соли 1967 чун механизатор оғоз ёфтааст. Солҳои 1968-1970 хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳӣ ИҶШС, 1970- 1972 ба ҳайси мураббӣ, 1972-1976 донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, баъди хатми ин донишкада, аз соли 1976 то 1997 – раисии Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати ноҳияи Ванҷро ба ӯҳда дошт.
  Диловарпахлавон аз солҳои наврасӣ шуғли гӯштӣ дошта, дар байни ҳамсолон дастболо буд. Аввалин устодонаш тағоҳояш паҳлавонон Маҳмадбек, Исматбек ва Қиғизбек Одинаевҳо буданд. Дар солҳои донишҷӯӣ ин касбро дар назди устодон Султон Наботов, Исмат Абдуллоев, Назармамад Миралишоев ва Мурувват Бачабеков сайқал додааст. 
  Нишондиҳандаҳои варзишии ин паҳлавон хеле зиёданд: иштирокчии се Спартакиадаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравй (6-7-8), дар чемпионати Осиёи Миёна ва Қазоқистон соли 1972 ҷои дуюмро ишғол намудааст. Соли 1974 дар ҳамин мусобиқа дастболо шуда, ҷои якум гирифт. Соли 1973 дар мусобиқаи умумииттифоқӣ барои ҷоми “Комсомоли Точикистон” яке аз ҷойҳои аввал насибаш гардид. Дар мусобиқаи умумииттифоқӣ барои гирифтани мукофоти бахшида ба Маршали Иттифоқи Шӯравӣ Блюхер ҷои дуюмро ишгол намудааст. Чемпиони чандинкардаи Тоҷикистон, устоди варзиши ИҶШС оиди гӯштии “самбо” ва “дзюдо” ва устоди варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ Диловар Давлатов дорандаи қариб 40 медал (тилло, нуқра, биринҷӣ, ки барои се ҷои аввал дода мешаванд), мураббии (тренери) хизматнишондодаи Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Диловарпаҳлавон падари 11 фарзанд буда, ҳамаашон ба анъанаҳои баланди миллӣ мувофиқ тарбия гирифтаанд. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.