Деҳаи Потов

  Деҳаи Потов шомили Ҷамоати деҳоти Ҷовидон буда, дар ҷониби рости Ванҷоб ҷойгир шудааст.
 Аз маркази ноҳия дар масофаи 20 км, аз маркази вилоят 185 км,  аз пойтахти кишвар 440 км дур  шаҳри ҷойгир мебошад. Деҳа хеле обод мебошад. Мардумаш мардуми меҳмонавоз мебошанд.
  Кӯдакони деҳа дар мактаби рақами 35 таълиму тарбия мегиранд. Ҳоло деҳаро бо деҳаи Ҷовидон пули хурде мепайвандад ва ба наздикӣ пули мошингузаре, ки сохтанаш қариб ба итмом аст, хоҳад пайваст.
 Номи фарзандони деҳа, ходими давлатии ноҳиявӣ Қувват Холов, омӯзгорони варзида Абдулбасир Мазориев, Муҳаббатшо Мазориев ва Маҳдия Шарипова вирди забони ҳамдиёрон аст. Маълумоти Давлатмир Давлатзода. 

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.