Деҳаи Жамаг

Жамаг яке аз деҳоти калони Язгулом буда, дар ҷониби рости дарёи Язгулом воқеъ гаштааст.

1 Назар

  1. Деҳаи ЗАЙЧ,ҷамоати ЯЗГУЛОМ,ноҳияи Ванҷ,ВМКБ.
    Водии хушманзараву дилфиреби Язгулом.Мардуми асилзодаи ориёӣ.Макони мардони боору номус ва меҳмоннавоз.Диёри паҳлавонони номӣ.Деҳаи Зайч баландтарин деҳаи водии Язгулом мансуб меёбад.Дар деҳа ҳамаги 12 хоҷагӣ бо нуфузи тақрибан 50 нафар зиндагӣ мекунанд.Кӯдакони деҳа барои таҳсил ба мактаби ибтидоӣ фаро гирифта мешаванд.Забони аслии мардум забони қадимаи гурӯҳи шарқӣ-эронӣ язгуломӣ(яздом) буда,забони омӯзишу коргузорӣ забони тоҷикист.Мардумаш пайравони дини мубини ислом ва дар мазҳаби ҳанафия мебошанд.Масофа аз Зайч то деҳаи наздиктарин Жамаг 7 км роҳро ташкил медиҳад.Хонандагон баъди хатми зинаи ибтидоӣ маҳз ба мактаби ҳамин деҳа фаро гирифта мешаванд.Аз дурии роҳ мактаббачаҳо дар хонаи хешу таборашон сукунатро ихтиёр мекунанд. Машғулияти асосии ин мардум низ кишоварзӣ,боғдорӣ ва чорводорӣ мебошад.Меваҳои шаҳдбори инҷо назир надоранд.Масофа аз деҳа то маркази ҷамоат деҳаи Будун 15 км,то маркази ноҳия 55 км ,то маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ 120 км ва то пойтахти кишвар шаҳри Душанбе 400 км роҳро ташкил медиҳад.
    РS.Aрзи сипос ба бародари гиромӣ Худойдод Худойдодов зодаи ин деҳа барои ерӣ дар дастрас кардани маълумот ва аксҳо.
    Муаллиф:Давлатмир Юнусзода.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.