Вравз

  Вравз яке аз деҳаҳои калони ҷамоати Водхуд буда, 25 км ғарбтар аз маркази ноҳия,164 км аз шаҳри Хоруғ дур ва 355 км шарқтар аз пойтахти кишвар ҷойгир мебошад. Дар деҳа 30 хоҷагӣ ва нуфузаш наздики 300 нафар мебошад. Вравз то соли 1992 маркази маъмурии ҷамоати Водхуд буд. Бо зиёд шудани аҳолӣ Лугад деҳаи мустақил шуда, маркази ҷамоат шуд.
  Оби рӯди аз лозури дара ҷоришаванда миёнҷои деҳаро бурида мегузарад ва онро ба ду қисмат Вравз ва Аравн ҷудо мекунад. Қисмати Вравз калонтар аст, аз ин сабаб дар умум деҳа Вравз ном бурда мешавад. Вравз мавзеи Дашти Тореғро низ дар ба мегирад, ки 30 га замини кишти деҳа дар ин макон ҷойгир мебошад.
Деҳа зодгоҳи мардони зоҳиде чун Мулло Шокир, Домулло Шералӣ, Домулло Балаҷон, домулло Муҳамадирон, инчунин паҳлавонони номдор: Худёрбекпаҳлавон, Дилдорпаҳлавон, Алифбекпаҳлавон, Бекпаҳлавон, Шодмонпаҳлавону Аҳмадпаҳлавон мебошад.
  Номи устодон Дороб Сӯҳробов, Давлатмаҳмад Шомаҳмадов, Муҳаммадӣ ва Ҳамуд Доробовҳов, Сафо Назиров доимо вирди забони шогирдон аст.
  Шуғли асосии мардм чун дигар мардуми кӯҳистон кишоварзию чорвою паррандапарварӣ ва боғдорӣ мебошад.

Ҷӯйбори Тореғи Вравз

  Солҳои 2000-ум буд, аз ҷое хона омада, болои манҷа, ки дар сояи бедҳои лаби ҷӯй монда шуда, ҷои истироҳати тобистонаи хонаводаамон буд, падарам бо муаллим Шодмонбек Ширинбеков сари дастархон сӯҳбат доштанд. Бо дидани ман падарам ба муаллим рӯ оварда гуфт: – “Ана, Давлатмирне нағда, саҳар говҳои ҷуфтира гирифта, ба пешат меоям”.
 Баъд фаҳмидам, ки бо мақсади кишти мош муаллим барои бурдани говҳои ҷуфтӣ омадааст. Пагоҳ чашми рӯз накафида, говҳоро зери юғ карда, ба роҳ баромадам. Нав рӯз шуда буд, ки ба мавзеи Тореғи деҳаи Вравз расидам. Муаллими Шодмон кайҳо дастархон густурда, интизори ман буд. Ҳамааш он тараф истад, аз дидани манзараҳои ин мавзеъ ҳайрон мондам. Мардуми деҳа дар ин ҷо боғҳо обод намуда, аз тамоми намуди меваҳо ҳосили фаровон мегиранд. Дар заминҳо бошад аксаран гандуму ришқа кишт шудааст. Поёноби заминҳо бошад, бо шинондани ангату синҷид ба ҷангал мубаддал шудааст. Баъд заминро ҷуфт карда, ба хӯроки нисфирӯзӣ баромадем.
  Ман аз маврид истифода бурда, дар бораи чӣ тавр ба чунин мавзеи ободу зебо табдил шудани ин даштро аз устод пурсидам.Устод (Худо раҳматаш кунад) як оҳи сарде кашиду ашки чашмаш рехт, бо алам гуфт: – “Боҷа, – чун ҳамсараш ба оилаи ман амма мешуд, – барои обод шудани ин мавзеъ ягона акаи паҳлавонам Алифбек қурбон шуд. Акаам, ки нав айёми майдондорияш буд. Ин мавзеъ, Давлатмир, як дашти сӯхтаеро мемонд. Дар деҳа бошад, хоҷагӣ зиёду замин кам буд. Бо ибтикор ва ташаббуси раиси колхоз, депутати Шӯрои Олии ИҶШС, марди ободкору дилсӯз Шомаҳмад Ёров масъалаи сохтмони ҷӯйбор ва обёрии ин мавзеъ дар сатҳи ҳукумати вақти шӯравӣ пешниҳод мегардад. Нақша тасдиқ шуда, солҳои 1960 бо ҷудо гаштани маблағ кори баровардани ҷӯйбор оғоз мегардад. Дарозии он тахминан то 2 км ва баландиаш 50 метр мебошад. Сохтмон танҳо бо усули таркиш имконият дошт, чун аз кӯҳи партове мегузашт. Корҳои таркиширо маҳз акаам Алифбекпаҳлавон мегузаронд. Соли 1964 корҳои охиринро мегузаронданд ва акаам барои дидани ҷои таркондашуда меравад, ки ногоҳ кӯҳпораи хурде аз боло афтида, ба китфаш бармехурад. Паҳлавон аз баландии 50 метр ба поён ғалтида, ба ҳалокат мерасад”.
  Баъд аз муддате мардум ҷӯйро тоза карда, обро ба мавзеъ мерасонанд. Имрӯз ҳам мардуми деҳа ин ҷӯйборро бо ифтихор “Канали Алифпаҳлавон” ном мебаранд ва аз ӯ ба некӣ ёд меоранд. Масоҳати киштбоби мавзеи Тореғ 30 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он бо сабаби дар ҳолати нимвайронӣ қарор доштани ҷӯйбор танҳо 18 гектараш сарсабзу хуррам асту халос. Умед аст, ки дар оянда бо ҷалби сармоя ва пайдо шудани маблағ ҷӯйбор таъмиру азнавсозӣ шуда, иқтидори обгузаронии аввалаашро барқарор гардида, боқимонда заминҳо ҳам кишт мешаванд. Давлатмир Юнусзода.
  PS: Ман ба бародар ва ҳамсинфу дӯсти азизам раиси Хоҷагии деҳқонии ба номи Ёр Шомаҳмад Зумратшо Искандаров барои кӯмак дар дастрас кардани маълумот изҳори сипос менамоям.

Расмҳои деҳа

Ҳошияи назарҳо

Добавить комментарий для Аноним Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.