Ваҳдат

  Хурд будем. Чун навбати мол мешуд, рамаро аслан баҳору тирамоҳу зимистон ба тарафи Дашти Сари Сих, Хумроғӣ ё Сурхсангов мебурдем. Дашти васеъ ва ҳамвор, дар баъзе ҷойҳояш ҷӯйи об равон буд. Ин оби дарёи Ванҷоб буд, ки аз таги регу шағали онҷо раҳ ёфта, дар ин ҷоҳо мебаромад ва мо онҳоро чашма мегуфтем.
  Ин мавзеъ дар даврони Ҳукумати Шӯравӣ ба феҳристи заминҳои захиравии давлатӣ (госземзапас) дохил карда шуда буд. Чун Тоҷикистон 93%-аш кӯҳсораст, зарурияти шодоб кардани заминҳои партофта пеш меомад. Мавзеи Сурхсангови деҳаи Баравн ба ин феҳрист дохил карда шуда буд ва солҳои 80 кори заминкушоӣ дар инҷо оғоз шуду дар муддати кӯтоҳ ин ҷо бо канале, ки аз мавзеи Ҷангал ибтидо мегирад, шодоб шуд.
  Масоҳати умумии заминҳои ин мавзеъ наздик ба 80га: 50га аз тарафи рост ва 30га аз тарафи чапи дарёи Ванҷ ҷойгир аст. Дар ободонии мавзеъ саҳми ҳамаи коргарони хоҷагии “50 солагии ИҶШС” бузург аст. Соли 90 хоҷагӣ ба чанд хоҷагии хурд тақсим гардид ва ин мавзеъ дар ҳайати “Хоҷагии ба номи Ёр Шомаҳмад” монд.
  Соли 2010 бар асари заминларзае, ки ноҳияро фаро гирифт ва боиси хисороти зиёде шуд, барои мардуми зарардида бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар ин дашт замин ҷудо карда, барои сохтмони хона тамоми лавозимоти барои хонасозӣ лозимаро доданд. Дар натиҷа дар мавзеъи Сурхсангови Баравни Водхуд деҳаи наве қомат афрохт, ки бо пешниҳоди сарвари кишвар, ки дар қабули хонаҳо шахсан иштирок кард, ба деҳа Ваҳдат ном гузошта шуд.
  Деҳаи Ваҳдат нахустин деҳаи ҷамоати Водхуд аз ҷониби маркази ноҳия мебошад. Аҳолии деҳа рӯз то рӯз аз ҳисоби бунёди хонаҳо ва омадани мардум аз гӯшаҳои дигари ноҳия меафзояд. Дар деҳа Муассисаи таҳсилоти асосии №50, маркази саломатӣ, маркази савдо, корхонаи асфалт ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мавҷуд аст. Мо умедворем, ки дар оянда ин деҳа ба як шаҳраки замонавӣ мубаддал хоҳад шуд. Давлатмир Давлатов.

Ҳошияи назарҳо

Посух додан ба Меҳмон Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.