Деҳаи Ваҳдат

  Ваҳдат деҳаи навбунёд дар мавзеи Сурхсангов, назди корхонаи истеҳсоли асфалти собиқ мебошад. Пас аз аз заминларза барои сохтани хона ба мардум дар ин мавзеъ ҷой дода, дар муддате ин мавзеъ ба деҳа табдил ёфт. 
  Ваҳдат нахустин деҳаи ҷамоати Водхуд аз ҷониби маркази ноҳия мебошад. Аҳолии деҳа рӯз то рӯз аз ҳисоби бунёди хонаҳо ва омадани мардум аз дигар гӯшаҳои ноҳия меафзояд. Дар деҳа мактаби асосии №50, маркази саломатӣ, мағоза ва заводи асфалт мавҷуд аст.

1 Назар

  1. ДЕҲАИ ВАҲДАТ.
    Хурд будем.Чун навбати мол мешуд,рамаро аслан баҳору тирамоҳу зимистон ба тарафи Дашти Сари сих,Хумроғӣ ё Сурхсангов мебурдем.Дашти васеъ ва ҳамвор,дар баъзе ҷойҳояш ҷӯйи об равон буд.Ин оби дарёи Ванҷоб буд,ки аз таги регу шағали онҷо раҳ ёфта дар инҷоҳо мебаромад ва мо онҳоро чашма мегуфтем.Ин мавзеъ дар даврони Ҳукумати вақти Шӯравӣ ба феҳристи Заминҳои захиравии давлатӣ(госземзапас) дохил карда шуда будаандЧун Тоҷикистон 93%-аш кӯҳсораст,зарурияти шодобкардани заминҳои партов пеш меомад.Мавзеи Сурхсангови деҳаи Баравн ба ин феҳрист дохил карда шуда буд ва солҳои 1980 кори заминкушоӣ дар инҷо оғоз шуду дар муддати кӯтоҳ инҷо бо канале.ки аз мавзеи Ҷангал ибтидо мегирад,шодоб шуд.Масоҳати умумии заминҳои ин мавзеъ наздик ба 80 га:50 га аз тарафи рост ва 30 га аз тарафи чапи дарёи Ванҷ ҷойгир аст.Дар ободонии мавзеъ саҳми ҳамаи коргарони хоҷагии “50 солагии СССР” бузург аст.Соли 1990 хоҷагӣ ба чанд хоҷагии хурд тақсим гардид ва ин мавзеъ дар ҳайати “Хоҷагии ба номи Ёр Шомаҳмад” монд.Соли 2010 бар асари заминларзае,ки ноҳияро фаро гирифт ва боиси хисороти зиёде шуд,мардуми зарардидаро бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар ин дашт замин ҷудо карда,барои сохтмони хона тамоми лавозимоти барои хонасозӣ лозимаро доданд.Дар натиҷа дар мавзеъи Сурхсангови Баравни Водхуд деҳаи наве қомат афрохт,ки бо пешниҳоди сарвари кишвар,ки дар қабули хонаҳо шахсан иштирок кард, ба деҳа Ваҳдат ном гузошта шуд. Деҳаи Ваҳдат нахустин деҳаи ҷамоати Водхуд аз ҷониби маркази ноҳия мебошад.Аҳолии деҳа рӯз то рӯз аз ҳисоби бунёди хонаҳо ва омадани мардум аз гӯшаҳои дигари ноҳия меафзояд.Дар деҳа Муассисаи таҳсилоти асосии рақами 50, маркази саломатӣ,маркази савдо,корхонаи асвалт ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мавҷуд аст.Мо умедворем,ки дар оянда ин деҳа ба як шаҳраки замонавӣ мубаддал хоҳад шуд.
    Муаллиф:Давлатмир Давлатов.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.