Девони муҳосиботи исломӣ

  Дар солҳои нахустини ҳукуматҳои исломӣ мусулмонон амвол ва ғаниматҳои ҷангиро ба масҷиди пайғамбар (с) дар Мадина мебурданд ва ҳар қисм, ки пайғамбар (с) муносиб медонист, тақсим мекарданд. Дар замони хилофати Абӯбакри Сиддиқ (р) низ ба ҳамин наҳв амал мешуду ғаноим тибқи мукаррароти қонуни шариати исломӣ тақсим мегардид.
  Дар соли 15-уми ҳиҷрӣ, яъне дар замони хилофати Умари Форуқ (р) халифаи дувуми рошидӣ, ки борҳои зару симу ҷавҳари гаронбаҳо ва либосҳои фохир яке пас аз дигаре ба Мадина мерасиданд, маслиҳат шуд, ки он амволро миёни мусулмонон тақсим кунанд.
  Аммо чигуна тақсим кардани он амвол душворӣ дошт ва роҳи ҳалли он бояд пайдо мегардид. Абдулло ал-Фахрӣ яке аз муаррихони мусулмон менависад, ки дар он ҳангом марзбоне аз марзбонҳои иронитабор дар Мадина буд ва замоне, ки халифа Умар ибни Хаттоб (р)- ро дар кори хеш мутаҳаййир дид, ӯро гуфт: Ай амири мусулмонон! Шоҳони Иронро дастгоҳе буд, ки онро ДЕВОН меномиданд ва ҳамаи дахлу харҷи онон сабти девон мешуду истисное дар кор набуд. Касоне, ки сазовори вазифа ва иҷрои он буданд, маротиб ва дараҷоте доштанд, ки халале дар он рӯй намедод. Халифаи мусулмонон Умари Форуқ (р) ин корро писандида ёфт ва ва шарҳу тафсили онро аз марзбони иронӣ дархост намуд. Марзбони иронӣ дар бораи ДЕВОН ба ҳазрати Умар маълумоти зарурӣ дод ва халифа ба ҳамон тартиб, ки марзбони иронӣ гуфта буд, дастгоҳи девонро барқарор кард. Ҳамин гунна бо маслаҳати як мусулмони иронитабор девони муҳисибот исломи дар соли 15- ҳиҷрӣ ташкил ёфта, муддати беш аз 60 сол иҷрооти ин девон дар дасти иронитаборон будааст. Ҳамчунин ҳисобу китоби ин муассиса бо ракамҳо ва истилоҳоти форсӣ будааст. Дар замони хилофати Абдулмалик ибни Марвон ва сарлашкари маъруфи вай Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф шахсе бо номи Солиҳ ибни Абдурраҳмони муншӣ аз асирони систонӣ, ки забонҳои арабӣ ва форсиро хело олӣ медонисту менавишт, иддао кард, ки метавонад, ҳамаи ҳисоботи девони муҳосиботро ба забони арабӣ бинависад. Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф, ки дар душманӣ бо мардуми ғайри араб, ба хусус ирониён, машҳур буд, дастур дод то ин кор фавран иҷро шавад. Дар ин бора ал-Балозурӣ низ дар китоби “Футӯҳулбулдон” овардааст. Ин муаллиф менависад, ки чун умури муҳосиботи хилофат дар дасти иронитаборон ва бо забони форсӣ буд, онхо намехостанд, ки он ба арабӣ шаваду забони форсӣ ин қудраташро аз даст диҳад. Ба навиштаи ал-Балозурӣ, Мардоншоҳ пури Зодон ҳисобдори Ҳаҷҷоҷ, ки Солиҳ ибни Абдурраҳмонро худ ба дарбор оварда буд, аз ӯ хост то ин корро анҷом надиҳад. Ҳатто ба ӯ сад ҳазор дирҳам доданд, ки худро аз баргардондани девон ба арабӣ оҷиз нишон диҳаду аз он даст бикашад, кабул накард. Солиҳ саркашӣ карду девонро ба арабӣ баргардон кард. Дар тарҷумаи форсии “Футӯҳулбулдон” (тарҷумаи дуктур Озарахш) оварда шудааст, ки Мардоншоҳ пас аз иқдоми Солиҳ дар иҷрои он ба ӯ гуфт: “Худоят реша аз ҷаҳон баркунод, ки решаи порсӣ баркандӣ!”
  Месазад гуфт, ки то замони Солиҳ ибни Абдурраҳмон ба ҷойи “ъашара ва нисфуҳу (даҳу нисфи даҳ)” ва баҷойи “ситта ва нисфу сита (шашу ними шаш)” калимахои форсии “даҳвайҳ” ва “шашвайҳ” истифода мешуданд. Зоиршоҳи Давлат. 2009-04-01.

 

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.