Даргови ширговадӣ

  DargshrgЯк лаҳза дар лаби даргови ширговадӣ нишастан ва ба оби софу мусаффои ин даргов, ки аз қаъри дараи ширговадӣ бо ҷӯшу хурӯш ва кафкзанон ба поёни деҳа мешорад, наззора кардан аҷаб ҳаловату таровати тозае дорад. Як каф оби мусаффо ва хунуки ин даргов, ки дар чор фасли сол софу беғаш аст, барои мусофиру раҳгузар ва ташналабе беҳтар аз маҳрами ҷон аст.Чуноне ки қайд кардем, даргови ширговадӣ дар чор фасли сол ба ҳамаи нозу нузҳои табиат, аз қабили тармаву борон, селу тарнамгиҳо нигоҳ накарда, обаш доимо софу мусаффост ва агар аз баландии парвози парранда, ё ки агар дар воқеъ бигирем, аз баландии девлохи Хаспига ба қаъри дараи ширговадӣ, ба сӯи даргов нек назар биафканем, гӯё, ки дар ин даргов об неву балки дарёи шир ҷорист. Оби даргови ширговадӣ, ки воқеан, хело ҳам дарёст, дар натиҷаи кӯбиш бо харсангҳои қаъри дара бо суръати тез кафкзанон ба поён шорида, ба хотири кас дарёи ширро меоварад. Азиз Қадам.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.