Дагӣ Исмоилов

  dagismДагӣ Исмоилов номзади илмҳои таърих, дотсент, 20 ноябри соли 1939 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ, дар оилаи кишоварз таваллуд шудааст. Соли 1958 мактаби миёнаи №4-и ноҳияро хатм намуда, ҳамон сол ба шӯъбаи таърихи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардид. Солҳои донишҷӯӣ ба тезй паси сар шуданд. Соли 1962 дар Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати лаборанти калон фаъолияти илмиву меҳнаташ ибтидо гирифт. Дагӣ Исмоилов солн 1966 ба шӯъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷнкистон дохил шуда, сипас аз соли 1967 дар аспирантураи институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Москва таҳсилро идома додааст. Соли 1970 баъди анҷом ёфтани мӯҳлати аспирантура, ӯ дар кафедраи таърихи нав ва навтарини факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолияти меҳнатиро идома дод. Ьаъди дифои рисолаи номзадӣ, соли 1972 дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Москва фаъолияти илмию омӯзгории Дагӣ Исмоилов ин тавр ҷараён гирифт: солҳои 1970-1973 ассистент, муаллими калон, соли 1973 ба сифати дотсенти кафедраи таърихи нав ва навтарини факултаи таърихи ДДМТ интихоб шуда, то соли 1983 ифои вазифа намудааст.
  Солҳои 1983-1985 Д.Исмоилов дар Донишгоҳи Кобули Ҷумҳурии Афғонистон ба донишҷӯёни афғон дарс гуфта, сипас солҳои тӯлонӣ муовинии декани факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1998 дар кафедраи таърихи нав ва навтарини Донишгоҳи давлатии шаҳри Москваи Федератсияи Русия кор ва шуғли илмӣ дорад. Дар тӯли фаъолияти хеш 8 нафар аспирант таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ дар соҳаҳои мухталифи илми таърих рисолаи номзадиро дифоъ кардаанд. Дар ин муддат зиёда аз 60 асари илмӣ, васоит ва барномаҳои таълимиро ба чоп расонидааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

PS: Дагӣ  Исмоилов дар таърихи .. .. соли 20.. аз олам гузаштанд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.