Давлатмир Давлатов

  Давлатмир Юнусович Давлатов (Юнусзода) 16 декабри соли 1968 дар деҳаи зебоманзар ва шоирхези Баравни Водхуди ноҳияи Ванҷ дар хонадони марди хиратманду фозил, омӯзгори асил Юнус Давлатов зода шудааст. Модараш Хосият Сафаралибекзода низ зани босавод ва фарҳангӣ мебошанд.
  Соли 1976 дар мактаби №41-и деҳаи Баравн, деҳоти Водхуд таҳсил оғоз намуда, соли 1986 мактаби миёнаи №6-и ноҳияи Ванҷро хатм карда, ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Факултаи физика ва математикаи шӯъбаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Қургонтеппа (ҳоло Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) супурда, донишҷӯ мегардад.
  Солҳои 1987 – 1989 дар артиши шӯравӣ хизмат кардааст. Соли 1992 бар асари ҷанги дохилӣ, аз курси 4-ум таҳсилро давом дода натавонист ва баъдан онро хатм кард. Аз соли 1994 то соли 2007 дар мактаби №41-и деҳаи Баравн омӯзгор, раиси иттифоқи касаба фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Аз сентябри соли 2007 то 2020 омӯзгор, аз соли 2009 то соли 2016 директори мактаби №44-и деҳаи Даштак адои вазифа кардааст.
  Собиқаи 26 солаи омузгорӣ дошта, дар ДТМКО-и ВМКБ ба ҳайси лектор фаолият кардааст. Аз ҷавонӣ ба адабиёт ва таърих шавқи зиёд дошт ва худ табъи шоирӣ дорад. Шеъргӯиро аслан аз солҳои донишҷӯӣ оғоз кардааст. Нахустин маҷмуъаи шеърҳояш дар китоби Комил Бекзода “Шоирони Ванҷ” чоп шудаанд.
  Дар оила даҳ фарзанданд (ҳафт писар ва се духтар). Давлатмир худ соҳиби чаҳор фарзанди зебо ҳастанд, се духтар: Сабзина, Сабрина, Сатрина ва як писар Табрез.

Порчаҳо аз ашъор:

Манам тоҷику ман, тоҷик парастам.
Китоби “Тоҷикон” доим ба дастам.
Бихонам ҳар сухан, ҳар ҳарфи ӯро.
Зи илми Бобоҷон, мадҳушу мастам.

***

Гар гард шавам, гарду ғубори Ватанам.
Гар ҷӯй шавам, ташнаи оби Ватанам.
Ман марди муҳоҷирам, дар кишвари Рус.
Ҳар вақти намоз, рӯ ба сӯи Ватанам.

***

Рух бинмо нозанин, майли рухсорат шавам,
Тавбаҳоро бишканам, ошиқи дидорат шавам

Ба Мулоёр

Оби ҷӯро нӯш кардам,
Шеъри ӯро гӯш кардам.
Дар хаёлу ёди Ёрӣ.
Сӯзи дил хомӯш кардам.

Рохарвзамин

Эй диёри нозанину дилкашам,
Сарзамини нозҳои беғашам,
Бош сарсабзу дурахшон доимо,
Шаҳди дурит ҳар дақиқа мечашам.

Ванҷзамин

Бихоҳам он, ки Ванҷ обод бошад,
Ҳама хурду калонаш шод бошад.
Набинад дард некӯ мардумонаш,
Зи ранҷу ғам ҳамаш озод бошад!

Эй Ванҷ

Дарвозаи Ванҷи ман бувад боз,
Аз қадим ин мулкро гӯё, ки бедар сохтанд,
Дӯстонро ӯ кушода доимо оғӯши гарм,
Душманонаш омаданд, ҳам ҷону ҳам тан бохтанд.

Тоҷикистон

Ватан ҷоно, ҳама бурҷат биҳишт аст,
Худо обу гилат бо мо сириштаст.
Ба дил номи накӯят Тоҷикистон,
Ба оби зарҳалу тилло навиштаст.

Зодгоҳ

Ванҷи ман ту инқадар зебостӣ,
Дар ҳақиқат зебӣ ин дунёстӣ,
Дӯст дорам Водхуд, марзи Рованди туро,
Язгулому мулки Техарви туро.
Зи Жовиди бас некузаминат,
Зи оби софу мардони матинат.
Ҳамеша Ванҷи ман обод бошӣ,
Сарафрозу хушу озод бошӣ!.

Бадахшон

Туро ман дӯст медорам, Бадахшон,
Нигину ангубин дар Тоҷикистон.
Зи Ванҷу мулки Рӯшонат бинозам,
Ба Шуғнону ба Дарвозат бисозам,
Аҷаб зебост Ишкошимзаминат,
Чи Мурғобу Хоруғҷони матинат,
Фидоят ҷони ман ҷонам Бадахшон,
Азизу мӯътабар,ҷонам Бадахшон!.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.