Ваҳҳоб Самадов

  samadvahobВаҳҳоб Самадов соли 1932 дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Мактаби ибтидоӣ ва ҳафтсоларо дар зодгоҳ ва миёнаро дар мактаб-интернати ноҳияи Рӯшон гирифтааст. Баъди хатми он, дар зодгоҳаш ба ҳайси муаллим фаъолияти меҳнатиаш ибтидо гирифт. Солҳои 1950-1952 дар Донишкадаи муаллимтайёркунии Сталинобод бо ихтисоси муаллими забони тоҷикӣ ва адабиёт ба идомаи таҳсил дошт. Сипас фаъолияти меҳнатии В.Самадов ин тавр сурат гирифт: солҳои 1952-1954 муаллими мактаби деҳаи Техарв, 1952-1957 хизмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ, 1958-1963 донишҷӯи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе. Баъди хатми он В.Самадов аз соли 1963 то солм 1992 ба ҳайси муаллим, мудири қисми таълими дар зодгоҳаш кору фаъолият намуд. Барои меҳнати тӯлонӣ ва намунавиаш бо унвони ифтихории “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” ва чандин ифтихорномаҳо қадр шудааст.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.