Ванчихо дар дигар намуди варзишҳо

Амонатов Фаррух — (13/04/1978, Язгулом) шоҳмотбоз, ягона устоди шоҳмоти дараҷаи байналмилалӣ дар таърихи Тоҷикистон (2002). Қаҳрамони чандинкаратаи шоҳмоти Тоҷикистон, қаҳрамони Осиё дар байни ҷавонон (1992). Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чаҳор маротиба дар олимпиадаҳои солҳои 1996, 1998, 2002 ва 2006 ширкат варзида аст. Дар соли 2003 қаҳрамони шоҳмоти Маскав шуд. Ғолиби мусобиқаҳои «Москва-Open» ва «Владимир-Open».
Назаров Анвар – (1957,Гишхун) шоҳмотбоз, устоди шоҳмоти дараҷаи байналмилалӣ, қаҳрамони чандинкаратаи шоҳмоти Тоҷикистон ва ғолиби озмуни ҷоизаи Раисҷумҳури Тоҷикистон.
Чингизов Алишер – (1986, Рованд) шиновар, якумин ширкаткунандаи бозиҳои олимпии Пекин аз ноҳияи Ванҷ.
Неъматов Шуҷоат – ( 1980, Рохарв) футболбоз, ниммуҳофизатгарӣ, узви дастаи яккачини Точикистон.
Фатҳуллоев Фатҳулло – (1986, Ширговад) футболбоз, ҳуҷумкунанда, яке аз беҳтарин футболбозони дастани яккачини Тоҷикистон. Иштирокчии чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар Кореяи Ҷанубӣ.
Салоҳов Фирдавс — (1985. Ғучоваст) ғолиби як қатор мусобиқахои байналмиллӣ оиди ба ҷанги беқоида.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.