Вазъи фарҳангии Ванҷ дар охири ХIХ ва ибтидои асри ХХ

  Маданияти моддӣ ва маънавӣ дар ҳама давру замонҳо оинаест, ки ҳамаи ҷузъиёти ҳайёти ҷомеаро бо тамоми ҳусну қубҳаш равшан инъикос менамояд. Ин беҳтарин ченакест барои бехато муайян кардани дастовардҳои сиёсӣ, сатҳи иқтисодию ҳалли масоили иҷтимоӣ дар зинаҳои инкишофи таърихӣ, нишонаи воқеии мақоми халқи кишвар дар тамаддуни башар. Равшану возеҳ аст, ки дастовардҳои фарҳангии халқ беҳтарин ва муфидтарин воситаи шинохтани сатҳи худогоҳии миллӣ масҳуб мешаванд.
 Албатта, аз ҷузъиёти ҳайёти мадании мардуми Ванҷ ёдовар шудан, ҳаргиз маънои дар он ҷустани падидаи барои ҳамсоямулкҳо ва тамоми халқи тоҷик фарқкунандаро надорад. Чунин иқдом тамоман хилофи дарки амиқи қонунияти пайдоиши халқияту ташаккулёбии миллати тоҷик мебашад. Аслан, ҳадафи мо аз ҷустуҷӯи ҳамин ҷузъиёт дар ҳамбастагӣ бо мақоми умумии тамаддуни халқи тоҷик дар мисоли диёри Ванҷ беш буда наметавонад.
  Ванҷ мисли дигар мулкҳои ҳамҷавори имрӯз бо мафҳуми ҷуғрофии Помири Ғарбӣ, ки ба он ноҳияҳои Ванҷу Дарвози ВМКБ низ шомиланд аз қадимулайём макони зисти тоҷикон буда, дар тамоми таърихи тӯлонии хеш онҳо аз махлутшавӣ бо ҳамсояҳои кӯчии турктабор, ки дар баъзе аз сарзаминҳои ҳамсоя бо сабабҳои таърихии тақдир рӯй дода буд, дар канор мондаанд. Ин асолати қавмӣ ё нажодӣ то замони ба аморати Бухоро ҳамроҳ кардани Дарвозу Ванҷ, ихтиёран пайвастани Помир ба Русия (соли 1895) ва то имрӯз идома дорад. Хулоса, тамоми гардишҳои таърихӣ ба суннатҳои асили тоҷикии ин диёр таъсири номақбул расонда натавонистаанд. Ин дар нигаҳдошти (албатта, бо тағйироти барои замон мувофиқ) беҳтарин анъаноти хоси мардумӣ ба назар мерасад.
  Хусусияти зебопарастию донишандӯзӣ дар ниҳоди ин зодагони кӯҳ дар ҳама давру замонҳо вуҷуд дошт ва сайқал меёфт. Инро мушоҳидони бевосита, олимон ва саёҳони рус низ хеле равшан эҳсос намудаанд. Гарчи доир ба мушоҳидоти онҳо маълумоти зиёде дастрас шудааст, вале ба тариқи намуна аз чунин хулосаи мардумшиноси охири асри XIX – аввали асри XX А.А. Бобринской ёдовар мешавем: «Ниҳоят оддист ҳаёти зодагони кӯҳ, – навиштааст ӯ, – тарзу анъанаҳои дигари зиндагиро орзу намекунанд ва чунин ба назар мера- сад, ки онҳо дорандаи хиради волоянд, аз қисмат розию бо тамоми ҳастӣ ва сидқан оила, боғу роғ, Ватани аҷдодӣ, кӯҳҳои ҳайратангези Дарвозро дӯст медоранд»1. Ванҷ аз мантиқи ин гуфтаҳо истисно буда наметавонад, чунки ин олими мушоҳид тамоми қаламрави бекигарии Дарвозро дар назар дошт.
  Дар ин диёр, бо итминони комил гуфта метавонем, ки аксари мардум (ба хусус мардон) бо саъю талоши хеш ба гирифтани хату савод соҳиб мешуданд. Ба ғайр аз он, ки дар назди ҳар масҷид мактаби саводомӯзии ибтидоӣ фаъолият мекард, мактабҳои хонагӣ ҳам кам набуданд. Тартиби таълими мактабӣ дар ин диёр аз тартиботи таълимии дар шаҳру деҳоти марказии Бухоро кам фарқ дошт. Мактабҳои одии таълимӣ дар ҳамаи деҳоти хурду бузург мавҷуд буданд. Аксаран ҷавонони лаёқатманди диёр баъди гирифтани дараҷаи миёнаи таълим барои идомаи таҳсил ба Бу- хоро ва дигар шаҳрҳои марказӣ мерафтанд.
  Бесабаб нест, ки то имрӯз номи хатмкардагони зиёди мадрасаҳои Бухорою Самарқанд ва дигар мадрасаҳои бонуфузи шаҳрҳои марказии минтақа ва берун аз он дар хотири ҳамдиёрон мондаанд. Мутаассифона аз сабаби набудани сарчашмаю далелҳои мӯтамад доир ба шоирони гузаштаи диёр маълумоти амиқе додан ғайри имкон аст, вале бо боварии том гуфта метавонем, ки онҳо кам набуданд, гарчи муҳити иҷтимоию дурӣ аз марказҳои фарҳангӣ барои пешрафти он номусоид буд. Бисёре аз ҷавонони болаёқат ба шаҳрҳои минтақа аз ҷумла ба Бухор рафтаву дар мадрасаҳо таълим гирифта, дар он ҷойҳо зиндагии муҳимӣ ихтиёр мекарданд. Буданд онҳое, ки ба ин ё он доираи адабӣ ворид гашта, ҳарчанд дар хотираи халқ номи баъзе аз онҳо боқист, вале меросашон дастрас нашудааст. Уламои ба диёр баргашта, бештар ба кишоварзию сабақдиҳии ҳамдиёрон машғул мешуданд. Аз рӯи маълумоти шифоҳӣ шоири баркамолу ҳатто соҳибдевон будаанд.
  Истеъдоди мардуми ин диёр на танҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ, инчунин дар завқи сухану маънирасӣ фарқ мекард. Мавҷудияти ин анъанаҳо то имрӯз ҳам бараъло мушоҳида мешаванд. Қадри суханро мардуми ин диёр бо зарурати давру замонҳо дар худ парваридаанд. Ба дурии худ, аз марказҳои муҳимми адабии минтақа нигоҳ накарда, дар Дарвоз як доираи адабии ба худ хос ва мактаби қавии шоирӣ мавҷуд буд, ки адибони зодаи Ванҷ ва дигар амлокдориҳои ин бекигарӣ низ аз он берун буда наметавонистанд. Гарчи имрӯз дар бораи замони оғозу ташаккули назми тоҷикӣ дар ин диёр маълумоте дар даст надорем, аз ашъори шоирони замонҳои охири тоинқилобӣ маълум мешавад, ки бидуни мавҷудияти суннатҳои адабии дерина ва таҳкурсии амиқи адабӣ дар асрҳои XVIII – XIX ташаккул ёфтани мактаби адабии Дарвоз номумкин буд.
  Баъди тадқиқи тӯлонии ҳавзаҳои адабии Бухорои Шарқӣ шодравон Амирбек Ҳабибов ба чунин хулосае омадааст, ки «аз охирҳои асри XVIII то ибтидои ХХ Дарвоз доираи адабии худро доштааст. Шоирониин ноҳия бо шоирони доираҳои адабии Қаротегин, Қӯқанд, Бухоро ва Бадахшон алоқаи наздики эҷодӣ доштаанд»2.
  Мулло Ёр Ванҷӣ. Дар байни бештар аз 40 шоири соҳибдевони ҳавзаи адабии Дарвоз³, Мулло Ёри Ванҷӣ, ки яке аз намояндагони саршиноси ин мактаб маҳсуб мешавад, мақому мартабаи хоссаро касб кардааст. Ёрӣ бузургтарин намояндаи адабиёти классикии форс-тоҷик дар миригарии Ванҷ буд. Дар деҳаҳои диёр аз устодони маҳаллӣ таълим гирифт. Аз ҷавонӣ ба сурудани шеър оғоз кардааст. Ба марказҳои фарҳангии замони худ робита дошт. Дар кори эҷодӣ бештар ба Мирзо Абдулқодири Бедил майл дошт. Вале ба шакли Бедил мураккаб наменавишт. Ӯ танҳо ҷасорати Бедилро пайравӣ мекард.
  Соли таваллуди ӯ то ҳанӯз дақиқ маълум нест. Муҳаққиқи саршиноси асри Ёрӣ, устод Басир Расо бар ин назар аст, ки шоир соли 1829 дар деҳаи Ғӯмаяки Ванҷ таваллуд шудааст. Бобояш Рустамбек аз авлоди косибон, падараш Додӣ дуредгар буд.
  Муҳити танги миригарии Ванҷ, ки барои аҳли илм созгор набуд, сабаби он гашт, ки шоир дар охирҳои зиндагӣ ватани худро тарк намуда, ба Бухоро, Афғонистон, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ фирор кунад. Оқибат соли 1913 дар шаҳри Маккаи Арабистон вафот кард. Ёрӣ воқеан охирин намояндаи бузурги адабиёти классикии мост, ки дар гӯшаю канори Бухорои Шарқӣ овора гардида, рисолати шоирии худро идома бахшид. Шеъри Ёрӣ шеъри маънӣ ва воқеияти иҷтимоии халқи мо дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ буд. Ҳатто ин мероси андаки ӯ, ки ба ҳукми тасодуф дар байни мардум боҳӣ мондааст – гувоҳи он аст, ки ин шоири ҷасур ва озода то охири умрдар назди мушкилоти иҷтимоӣ ва фарҳангии замони худ сар нафаровар- да, дар ҷодаи илму фарҳанг устуворона пеш рафт. Ӯ борҳо таъкид намудааст, ки: «Ҳастам ҳамеша Ёрӣ дар ҷустуҷӯи мазмун».
 Воқеан шоирони мазмунофар дар асрҳои охири таърихи мо хеле ангуштшумор буданд. Шоирони зиёд доштем, вале аксар тақлидкор ва мазҳабӣ буданд. Ёрӣ маҳз бо ҷасорати иҷтимоӣ ва ҳунарии худ аз назари муҳаққиқони имрӯзаи минтақа сазовори баландтарин баҳои адабӣ гардид.
  Шоири ҳассос ва огоҳ оқибати кори худро дар он муҳити фосид дуруст пешбинӣ намуда, гуфтааст:

Сарнавишти Ёрии бечора гар эҷоди халқ,
Қисматаш ин буд чандин чора кард, барбод сӯхт.

  Ба гуфтаи баъзе мутахассисон, ӯ нафақат шоири соҳибдевон, балки инчунин донишманди маъруф буда доир ба баъзе аз равияҳои илмию фалсафӣ низ тадқиқот бурдааст. Вале ҷои таассуф аст, ки ба ҷуз намунаҳои парокандаи аз забони мухлисони сершумори диёраш ба рӯи қоғаз омада, осори пурраи ӯ боқӣ намондааст. Ғазалҳои зерин намунаест аз ашъори дилчаспи ӯ:

Дар чаман аз рашки қаддат сарвро бунёд сӯхт,
То кунад ёд аз хиромат қомати шамшод сӯхт.
Оташи ишқат зи бас к-аз манқали дил шӯъла зад,
Дар гулӯ ҳангоми қатлам ханҷари ҷаллод сӯхт.
Фитратам азбаски расвоипараст афтодааст,
Вазъи бебоконаи ман шеваи иншод сӯхт.
Ҳеҷ кас тӯҳматнишони доғи маҳрумӣ мабод,
Бесутунро сина бар ҷон кандани Фарҳод сӯхт.
Аз фиреби ҷилваи дунёи дун, Ёрӣ, маноз,
К-ин арӯси бевафо сад хонаи домод сӯхт.

* * *

Чу гул андар чаман ман худнамоиро надонистам,
Чу булбул шӯру афғону навоеро надонистам.
Ба поям шӯълаи шамъми муҳаббат. ҳамчу парвона,
Шудам хокистару қалбошноиро надонистам.
Агарчанде, ки дар олам надидам ошноиро,
Вафо кардам ба ҳар кас, бевафоиро надонистам.
Ба гардун ҳамчу Маҷнун соддалавҳ афтодаам, Ёрӣ,
Ба ҳар ёре, ки дил бастам, ҷудоиро надонистам.

* * *

Эй маро аз дарди ишқат безиён, бесуд ҳам,
Эй зи ишқат ҳосили ман дӯстон падруд ҳам.
Ишқбозӣ гарчи расвоист, аммо кас чу ман,
Ошиқи расво набудасту нахҳад буд ҳам.
Ёди айёме, ки бо ҳам комронӣ доштем,
Рӯзгори васл рафту толеъи масъуд ҳам.
Гаҳ диламро хун кунӣ, гаҳ оварӣ ҷонам ба дард,
Эй дили хунин фидоят, ҷони дардолуд ҳам.
Ишқ гӯ, з-ин пас ба ҷонам тӯҳмати холӣ мабанд,
Ишқи оташбор дорам, синаи пурдуд ҳам.
Он ситамгар то ба кай гӯяд, ки Ёриро кӣ кушт?
Баҳри қатлам кард ишорат, балки худ фамуд ҳам.

* * *

Гар ман ошиқ нестам, з-ин гиряам мақсуд чист?
Ашки сурху, ранги зарду, оҳи дардолуд чист?
Пои дил дар қайди занҷири муҳаббат мубталост,
Чун кунам тадбири кор, эй дӯстон тадбир чист?
Умрҳо шуд сояосо ҷабҳа фарши роҳи туст,
Боз мепурсӣ, ки рухсори ту гардолуд чист?
Васли ёрам даст доду доманаш додам зи каф,
З-ин пас акнун судани дасти надомат суд чист?
Теғ бар сар, доғ бар дил, дар вафодорӣ чу шамъ,
Фарши таслимам дигар, табъи ту нохушнуд чист?
Оташи рухсораат гар ҷони Ёриро бисӯхт,
Бар хати мушкинат эй моҳ, инфиъоли дуд чист?

Шоири шаҳири миллату диёр Басир Расо дар мисраҳои ба Мулло Ёр бахшидааш, самимияти хешро чунин баён медорад:                                                                                                      
Оташе дар зиндагӣ моро ниёз,
Хому хомиҳои моро пухта соз.
Шоирон бо оташи гуфтори нарм,
Сардии дилҳои мо бинмуда гарм,
Умрро марғубу ширин мекунанд,
Рӯҳро авроқи рангин мекунанд.
Ёриро табъу забони оташ аст,
Сатри мавзуну каломи дилкаш аст

  То ба имрӯз ашъори парокандаи баъзе адибони диёр дар дасти мардум нигоҳ дошта мешавад. Насли калонсоли зиёиён, ки бисёре аз эшон дар қайди ҳаёт нестанд (равонашон шоду ёдашон ба хайр бод!) соатҳои дароз метавонистанд ва имрӯз ҳам метавонанд, бо як самимияти хосса ашъори дар хотираи халқ мондаи он шеърофарони маҳаллиро қироат намоянд. Тахмин кардан мумкин аст, сафи онҳо кам набудааст.
  Мутаассифона аз сабаби набудани сарчашмаю далелҳои мӯътамад, нисбат ба шоирони гузаштаи диёрамон маълумоти амиқе додан ғайриимкон аст. Маълум аст, ки муҳити иҷтимоию дурӣ аз марказҳои фарҳангӣ барои пешравию такмили касбии онҳо номусоид буд. Бисёре аз ҷавонони болаёқат ба шаҳрҳои минтақа, аз ҷумла ба Бухоро рафтаву дар мадраса таълим гирифта, дар он ҷойҳо зиндагии муқимӣ ихтиёр мекарданд. Буданд онҳое, ки ба ин ё он доираи адабӣ ворид гашта, эҷод менамуданд. Дар хотираи халқ номи баъзе аз онҳо боқист, вале меросашон дастрас то кунун нашудааст. Уламои ба диёр баргашта, дар баробари кишоварзию сабақдиҳии ҳамдиёрон шуғли эҷоди шеър низ доштаанд. Вале шароити номусоиди деҳот, дурӣ аз фазои фарҳангӣ, набудани мактабу маҳфили адабӣ ва аз ҳама муҳим, доираи васеи мухлисону хонандагони маънирас, ин адибонро аз шавқи дар шакли девон китобат намудани ашъор дур карда, онҳоро ба муҳити сарбастаи маъюсию ноумедӣ ворид месохт. Аз тарафи дигар нобасомониҳои сиёсии давраи аввали барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ, ва хосатан, репрессияю душмантарошиҳои солҳои 30-юм, хавфи нобудшавии ҷисмонӣ, адибони дар ҳаётбудаи маҳаллиро маҷбур месохт, то ашъори саршор аз ишқу муҳаббати инсонӣ, панди ирфонӣ ва инъикоскунандаи воқеияти иҷтимоии замони хешро, ки бо самимияту дилпурӣ аз ояндаи нек эҷод карда буданд, нобуд созанд.
  То ба имрӯз номи донишмандоне, ки дар Бухоро ва дигар марказҳои фарҳангӣ дараҷаи баланди дониши онҳоро эътироф мекарданд, дар хотири халқ нақш бастааст. Аз ҷумла, аз як деҳаи Водхуд Мулло Абдулло (мударриси калони мадраса дар Бухоро), Мулло Умар, Мулло Дӯст, Мулло Шафеъ, Мулло Рофеъ, Мулло Ниёз, Мирзо Раҳмат, Мулло Собир, Мулло Насриддин, Мулло Мӯъмин ва ғайра донишмандони беҳтарини охири асри XIX – ибтидои асри ХХ-ро номбар кардан ҷоиз аст. Чунин намояндагон аз дигар деҳаҳо низ буданд. Аз ҷумла Мулло Одина аз Ғӯмаст ва Ирфони Беназир аз Садвадг ва дигарон. Онҳо ниҳоят завқи баланди шеъру шоирӣ ҳам доштаанд ва ҳатто гумони ғолиб меравад, ки дар байнашон пайравони ғояҳои маорифпарварии Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ ва соҳибдевонҳо низ буданд. Аз ин баъзе пораҳои ашъорашон, ки дар хотири халқ боқӣ мондааст, дарак медиҳад. Боиси таассуф аст, ки то замони мо фақат ёди неку боварии соҳибашъор будани чунин уламои давр боқӣ мондааст:
 Мулло Абдулло – мударриси калони мадрасаи Кӯкалтоши Бухоро – фарзанди Мулло Муҳаммадшарифи табиб аст. Ду фарзандаш – Мулло Файзулло ва Мулло Давлат дар ҳузури худаш таҳсили илм кардаанд. Аз ҳамақида ва пайравони маорифпарвари бузурги тоҷик Аҳмади Дониш будааст. Баҳори соли 1919 аз олам чашм пӯшидааст.
Мулло Файзулло соли 1881 дар деҳаи Лугад таваллуд шуда, баъди бозгашт аз Бухоро қозии охирини Ванҷ буда, соли 1929 шаҳид шудааст.

Навхати зардина Файзулло ба ном,
Хушдилу хушлаҳҷаву ҳам хушкалом,
Беғашу беҷурму холис будааст,
Байни ёрон шамъи маҷлис будааст.   (Басир Расо)

Иззатманд фарзанди устои оҳангар Давлатманд аст. Соли 1874 ба дунё омада, соҳибмаълумот буда, дар ҳузураш шогирдон таҳсил мекардаанд. Аз соли 1911 то соли 1916 қозии Ванҷ будааст. Бо ин далел, ки соли 1929 дар синни 84-солагӣ бо тӯҳмат ба шаҳодат расидааст. Писараш Авсамадбег низ бо тӯҳмат чун «душмани халқ» қурбонӣ шудааст.

Зубдаеро ном Иззатманд буд,
Чашмаи андарзу кони панд буд.
Солаш аз ҳаштод бешу бозувон,
Бас қавиву чусту чеҳра арғувон.   (Басир Расо)

Мулло Умар фарзанди калонии Мулло Одина, марди фозили Кӯҳистони Бадахшон аст. Соли 1870 таваллуд ёфта, дар Бухоро таҳсили илм намуда, баъди хатми мадрасаи Кӯкалтош ба зодгоҳаш деҳаи Лугад баргашта, ба тарбияи шогирдон машғул будааст. Бори нахуст дар Ванҷ кишти шолиро ҷорӣ намудааст. Соли 1929 дар синни 59-солагӣ қатл шудааст.

Марди неку кадхудо Мулло Умар,
Он ки буда хосае дар ҳар ҳунар,
Деҳқон будасту марде аслзод,
Ҳотаме андар сахову ҷуду дод. (Басир Расо)

Мулло Насриддин фарзанди мударрис Мулло Лутфулло дар Бухоро таҳсили илм карда, баъд ба зодгоҳ, ба деҳаи Лугад бармегардад. Ба қавли мӯйсафедон ороиши нигорхонаи қалъаи Рохарв, ки соли 1929 ба хок яксон карда шуд, ба мӯқалами Мулло Насриддин тааллуқ дорад. Шеър низ эҷод мекардааст.

Навхати юсуфҷамоле Насриддин,
Нақшбанде буда чун наққоши Чин.
Лафзи тоҷикдону турку ҳам дарӣ,
Ёфта дар ҷамъи хаттотон сарӣ.    (Басир Расо)

Соли 1929 дар синни 41-солагӣ ба шаҳодат расидааст. Пеш аз қатлаш сурудааст:

Ман аз равиши чархи фалак зор бигирям,
Бо сад аламу дидаи хунбор бигирям…
Мансури аналҳақ ба сари дор бигирям.

  Бо ҳисси боварию умедворӣ гуфта метавонем, ки шояд тадқиқотчиёни ояндаи диёр дар ин самт пурсӯ ҷӯро идома медиҳанд ва аз мероси чунин фозилону адибони давр осоре пайдо карда, дастраси хонандагон гардонанд. Аз китоби “Ванҷ”- Ҳ. Пирумшоев.

1  Бобринской А.А. Орнамент горных таджиков (Нагорная Бухара). – М.,1900. – С.9.159
2  Ҳабибов А. Ганҷи парешон. – Душанбе, 1984. – С.11.
3   Маълумоти саҳеҳ доир ба ҳаёту эъҷоди шоирони ҳавзаи Дарвоз ниг.: Ҳабибов А. Ганҷи парешон; Пирумшоев Ҳ. Таърихи Дарвоз (Аз қадим то замони муосир). – Ду- шанбе: Ирфон, 2008. – С.191-199; Ҳиҷрати Дарвозӣ Маҷмӯаи адабиёти Дарвоз. (Таҳияи С. Мерган ва С. Қаландар). – Душанбе, 2008. – 144 с.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.