Бодом

  Bodum1Бодом (дар гуфтори маҳаллӣ “бодум”, “бодм”) аз дарахтони маъмули диёр аст. Он дар ҳама ҷойҳои водиҳои Ванҷу Язгулом ва дар минтақаи Ванҷи Боло бештар мерӯяд. Пештар дарахтбуттаҳои он дар пуштаҳо хеле зиёд буданд, ки дар фасли баҳор дар замони шукуфтани гулашон доманакӯҳҳои деҳотро бо гулҳои сафеду гулобӣ ва арғувонӣ ранг медоданд. Баъдтар бештари бутазорони он нобуд карда шуданд. Ба ғайр аз бодомҳои кӯҳӣ мардум низ дар боғҳо дарахтони онро мешинонанд. Бодомҳои кӯҳӣ асосан талх буда, мардум навъи ширини онро парвариш медиҳанд.
  Бодоми Ванҷ дарахтбутта буда, то 4 метр қад кашида, барги нештаршакл, гулҳои Bodum2сафеду гулобию арғувонӣ дорад. Мевааш дарозрӯя ва аксаран талхмазза мебошад. Бодоми шириндонаро дар боғҳо мепарваранд. Бодомро аз қадим аслан ҳамчун доруворӣ истифода мебурданд. Инчунин, аз он таоме бо номи бодомшӯрбо тайёр намуда, ба хотири шифою тақвияти саломатӣ истеъмол мекунанд. Равғанӣ онро ба тарзӣ ҷойдорӣ кашида, ҳамчун доруворӣ ва шилму пӯст ва решаи онро истифода мебаранд. Дар гузашта аз решаи онро ба сифати чой ба кор мебурданд. Бодом меваи серғизо буда, баданро фарбеҳ мекунад.
  Bodum3Равғани бодомро барои муолиҷаи узвҳои хунукзада, гӯш, гулӯ, сулфа, илтиҳоб, нармсозии аъзои бадан ва дигар амрозҳо ба кор мебаранд. Тиб мағзи бодомро воситаи тақвиятбахш, зидди варам, ҷамъкунандаи захм, мулоимкунанда, подзаҳр тавсия дода, қабзияти (маҳкамшавии) ҷигар, сипурз ва гурдаро рафъ мекунад. Хосияти тозакунандагӣ дошта, доғи кунҷитак, доғҳои кабуд ва офтобсӯхтаро тоза мекунад. Бодомро ҳамчун воситаи гармидиҳӣ истифода мебаранд. Дар тибби муосир он таркиби марҳаму дорувориҳои зиёд ва истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ (косметика) истифода бурда мешавад. Таҳиякунандаи мавод Ашраф Акрам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.