Бичхарв

  Деҳаест дар қисми ҷануби (поёни)-и ноҳияи Ванҷ. Дарвозаи ҷамоати деҳоти Ванҷ ба ҳисоб меравад. Дар байни деҳаҳои Роғ, Ускроғ ва шаҳраки навбунёди Ваҳдат (Сурхсангов), ки пештар аз ин ба Бичхарв тааллуқ дошт ҷойгир шуда аст. Номи таърихӣ ва аслии деҳа Бичхарв буда, дар солҳои омад омади ҳокимияти Шӯравӣ, баъди кушта шудани яке аз аввалин комсомолони вилоят аз тарафи аксулинқилобчиён бо номи Пайшанбе Сайдаҳмадов, ки аслан аз ноҳияи Рӯшон буд, таъғири ном кард ва номи Пайшанбеободро гирифт. Аз ин пештар то омадани шӯравиҳо ба қисми поёнии деҳа, ки даште буд ва об барои обёрӣ надошт, ҷӯйборе бо зулму ситам ва азобу машақат гузаронида буданд, ки номи ин қисмати деҳаро Зулмобод карда буд. Дар замони шӯравӣ яке аз деҳаҳои пешрафтаи ноҳия ба ҳисоб мерафт. Дар дохили деҳа корхонаи коркарди санги мармар, мум (асвалт), ду ҳавзи моҳипарварӣ, мактаб, мағоза, клуб, фермаҳои чорво ва мурғпарварӣ ва 1 қисми ҳарбӣ (застава) вуҷуд доштанд, ки мутаассифона ҳоло аз бархеашон ном ва аз қисмати дигарашон нишон монда асту халос.
  Мардуми таҳҷойии деҳа ҳоло танҳо қисмати болои онро Бичхарв ном мебаранд. Қисмати поёнии деҳаро бошад Дашт меноманд ва баъзан мӯйсафедон низ Пайшанбеобод гуфта худи ҳамон Даштро дар назар доранд. Дар деҳа тақрибан 100 хоҷагӣ иқомат доранд. Ҳоло дар деҳа 2 маркази фурӯш, мактаб ва 1 қисми низомӣ вуҷуд доранд. Даромади асосии ҳозираи мардуми деҳа аз зироату боғдорӣ ва маблағҳои муҳоҷирон иборат аст. Инчунин барои ҳалли мушкилоти деҳа дар шаҳри Душанбе фонд ташкил карда шудааст, ки аъзоёнаш мардони деҳ, ки дар Душанбе иқомат доранд мебошанд. Фонд кушода аст ва ҳар кас метавонад бо хоҳиши худ аъзо шавад. Маҳалаҳои деҳа аз ҷануб ба шимол (аз поён ба боло): Дашт, Сари Дашт, Палладаштҳо, ки дар гӯйиш Палдаштост, Боғои Пун (боғҳои поён), Ҷои Нор, Ҷои Ҷрӯв (Муллоҷорӯб), Кадои Ханҷар ва Убара. Чун анъана аксарияти мардуми ин маҳалҳо ба қавме дахл доранд.

Камолиддини Бозӣ.

Расмҳои деҳа:

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.