“Бисмиллоҳ” гуфтан танҳо масъулияти мулло нест

Баракати соли бузургдошти Имоми Аъзам

  Инак 9 моҳ аз 12 моҳи Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, раҳматуллоҳи алайҳи, паси сар шуд. Донишмандону коршиносону ҳатто косибону кишоварзон ва умуман ҳар касе, ки дар бораи ин абармарди фиқҳи исломӣ ҳар чизе хондаву шунида буд, вобаста ба имконот ва фурсат китоб ё китобчае навиштанд, ё аз нӯги хомаашон «мақола»-е чакид, ё дар расонаҳои телевизионӣ ва радиёӣ сухане гуфтанд, ё ҳадди ақал дар нишасте бахшида ба бузургдошти пешвои мазҳаби аҳноф изҳори ақида карданд. Ин 9 моҳ ба ҳар навъ, ки гузашт, басо хубу муборак буду бесобиқа.
  Ибораҳое ба монанди раҳматуллоҳи алайҳ, салаллоҳу алайҳи ва саллам, разияллоҳу анҳу, алайҳиссалом, аҳли суннат вал-ҷамоат, саҳобаву тобеину табаъа тобеин ва дигарҳо, ки аслан вожаҳои арабӣ ҳастанду тобиши исломӣ доранд, ба таври беш аз пештар вирди забонҳо гардид.
  Шояд шунидани чунин ибораҳои латиф, ки тақрибан дар забони мардумони ҳама кишварҳои мусулмоннишин истифода мешавад, барои бархе бадхоҳони ҳақношиносу душмани Ислом «сахту нофорам» бошад, аммо ҳар як мусулмон, ки маънои он ибораҳоро дарк намудааст, бо пурии даҳон ва ҳаловати тамом онро бо хусусиятҳои овоии гӯйиши миллиаш ба забон меорад.

Вожаҳои вижа ва мафҳумҳои мазҳабӣ

  Табиист, ки ҳар бахше ё соҳае вожаҳои хосси худро дорад. Барои мисол метан, бутан, пропан, оксиген, ишқор, карбон, сулфат ва монанди инҳо махсус ё вижаи кимиё ҳастанд ва ҳар касе, ки иддаои кимиёдонӣ мекунад, бояд онро бидонад ва ҳадди ақал якеро аз дигаре мебояд, ки ташхис бидиҳад. Ё антиспай, антивирус, хакер, вебсайт, блог ва мисли инҳо вижаи кори компутар ҳастанд. Донистани инҳо махсуси кормандони соҳаи кимиё ва компутар мебошанд. Ба таври дигар бигӯем, донистани онҳо на барои ҳама аз заруриёти дараҷаи аввал мебошанд.
  Дар баробари соҳаҳои мухталифи кор, дар забон вожаҳои махсуси мазҳабу дин вуҷуд доранд. Мисли намоз, рӯза, ҳаҷ, закот, никоҳ, талоқ, фарз, суннат, ҷаноза, садақа ва монанди инҳо, ки дар як нигоҳ дорои мазмуни динӣ ҳастанд. Фаразан, агар касе иддаои мусулмонӣ мекунад, албатта ҳамеша саъй бар он хоҳад дошт, ки ҳар лаҳза чизе нав аз исломро фаро бигирад ва ба ҳамин минвол кам мусулмоне ҳаст, ки умдатарин вожаҳои махсуси мазҳабашро надонад.
  Аз он лиҳоз, ки дин дар ҳаёти шахсии фарди мусулмон ҷойгоҳи вижа дорад ва зиндагиашро бе адои шууни динӣ-рӯҳонӣ ноқис мебинад, бо гузашти рӯзгор маонии мафҳумҳои мазҳабӣ то ҳадди имкон барояш возеҳу равшан мешаванд. Имкон дорад, ки ҳаёти шахси мусулмон бидуни донистани формулаҳои кимиёӣ ё физикӣ ба поён бирасад ва дар шароити зарурӣ кимиёдон ё донишманди физика ба ӯ кӯмак кунад. Аммо бе донистан ва риоя накардани аҳкоми динӣ «мусулмон» зистани фард зери суол меравад. Маҳз аз ҳамин ҷост, ки масъалаи зарурати донистани мафҳумҳои шаръӣ барои фарди мусулмон аз донистани дигар вожаҳои соҳавӣ мутафовит аст.

Истилоҳоти фиқҳӣ танҳо арабӣ не, балки исломӣ ҳастанд!

  Бешубҳа, солҳои охир таваҷҷуҳи мардум ба дину диндорӣ бештар мешавад. Чун сухан аз дину мазҳаб меравад, зикри калимоту ибораҳои марбут бар ин ду ба ночор бояд бошад. Дуруст аст, ки дар чунин суханрониҳо аз вожаҳои арабӣ истифода мешавад, зеро он забони аввалини дини мубини Ислом ҳаст ва тавассути он ҳам ба ҳар ҷое рафтаву расидааст. Баъзан дар сӯҳбати иддае аз «соҳибназарон» шунида мешавад, ки «ҳамин калимаҳои арабӣ-катӣ забони тоҷикия вайрон карданд». Аз он «соҳибназарон», ки забони ба ном тоҷикиву дар асл бо калимоти русиву узбакишудаашонро калимаҳои «арабӣ» «вайрон» мекунанд, ном бурдан на накӯст ва агар Худо хоста бошад чун ин ҷумларо бихонанд, худро хоҳанд шинохт. Аммо кӣ ва кадом «тоҷикӣ»-ро вайрон мекардааст? Охир чунин ибораҳоро бузургони форсигӯй аз Рӯдакии соҳибқирони шоирӣ дар аҳди Сомониён шурӯъ карда то Айнии муътабар дар авоили қарни ХХ дар навиштаҳои хеш овардаанд. Охир ин «калимаҳои арабӣ» тайи беш аз ҳазор сол забони ноби форсиро «вайрон» накардаанду акнун ин забони «тоҷикия» вайрон мекардаанд?
  Бояд аз ёд набарем, ки фарзу талоқу савоб гуфтан бо забони тоҷикӣ ба ҳеҷ ваҷҳ бо гӯйиши ҳеч арабе рост намеояд. На бо гӯйиши араби халиҷу на бо араби африқоиву на араби яманӣ. Зеро ҳарфу овозҳои «з»-и фарзу «т»-и талоқу «с» ва «в»-и савоб дар забони арабӣ хусусиёти овоии худро доранду дигаргуна садо медиҳанд. Содатар ва ба ниҳоят сода бигӯем чунин вожаҳо дигар тоҷикӣ шудаанд. Чӣ магар мо аз истифодаи ин калимаҳо ба хотире, ки арабӣ реша доранд, забон дар даҳон барбандем? Агар ин тавр бошад, лутфан чунин «соҳибназарон»-и тангназар аз истифодаи вожаҳои футболу шатранҷу қонуну конститутсияву мошину техникаву компутару ҷумҳуриву республикаву ҳизбу партияву садҳои дигар монанд ба он сар боз зананд ва захираи луғавии забони ноби таърихиро коста бигардонанд! Бояд дар сар дошта бошем, ки ҳар вожа ё мафҳуме, ки дар забоне роиҷу суфта мегардад, дигар моли ҳамон забон аст. Агарчанде реша дар лисоне дигар дошта бошад. Рӯ гардондан аз вожаву ибороти дар тоҷикӣ суфташудаи арабӣ танҳо дар ҳоле имконпазир мешавад, ки «забондӯстон»-и муддаии дӯст доштани миллату фарҳанги тоҷикӣ аз фарҳанги исломӣ даст бикашанд. Аммо ин кори номақбулро ҳеч мусулмони тоҷик ҳаргиз нахоҳад кард.
  Ҳанӯз дар замони роҳ ёфтани дини мубини Ислом ба сарзамини Форс ҳар вожае, ки дар лаҳҷаҳои форсӣ набуд, аз арабӣ гирифта шуду забон ҳамоно зинда монд ва имрӯз ҳам яке аз зиндатарин забонҳои дунёст. Барои мисол, чун калимоти обдаст, намоз, рӯза, паёмбар ва ғайра, ки дар форсии он замон роиҷ буданд, бетағйир монданд ва вожаҳои арабӣ то ҳол мавқеи онҳоро гирифтан натавонистааст. Аммо калимоте аз қабили азон, закот, ҷиҳод, оят, ваҳй ва амсоли он, ки дар он аҳд дар форсии мутадовил роиҷ набуданд, аз арабӣ ба он интиқол ёфтанд. Ин забони тавонманд ҳатто истилоҳотеро, ки аксарияти забонҳо аз англисӣ мегиранд, дар худ дорад ва ҷадидтарин истилоҳи кайҳонӣ ҳам дар он бо осонӣ сохта мешавад. Бисёр ҳам ҷойи таассуф аст, ки бо табдили хати форсӣ ба лотину кирилӣ забони тоҷикиро аз форсиву дарӣ, ки дар асл як забонанд, ҷудову дар марҳилаи азнавсозӣ қарор доданд. Акнун дар Ирон ҳама мусталаҳотро сохтаанд, ҳама истилоҳотро доранд ва дар шабакаи ҷаҳонӣ (Интернет) ҳам ворид кардаанд, вале онро қабул надоранду мехоҳанд худ «термин» ё истилоҳи тоҷикӣ бисозанд. Ба гуфти яке аз бузургони миллат, ки дар як сӯҳбати самимӣ аз сарнавишти талхи тоҷикӣ сухан мегуфт, ин «истилоҳсозон»-и мо мехоҳанд, ки аз нав «велосипед» бисозанд. Ҳол он, ки дигар фурсат барои роҳ кушодан ба Миррих аст, на гаштан ба асри бист!

Чаро аз «бисмиллоҳ» меҳаросанд!

  Басо филологҳо дорем, яъне адабиётдонҳо. Эшон дар ҳар донишгоҳе, ки таҳсили илм карда бошанд, лобуд аз «Авасто»-ву «Дарахти Ассурик» то «Шоҳнома»-ву «Шикоят аз пирӣ», то «Ҳафт пайкар»-у «Таҳзибуссибён» ё хондаанд, ё дастикам варақ задаанд. Албатта Рӯдакиву Аттору Саноиву Мавлавӣ ва Фирдавсиву Ҷомиву Бедилу Соибу Донишро мешиносанд. Бисёре аз онҳо ба файзу ба фазли истиқлол осори он бузургонро бо хатти форсӣ ҳам мутолиа кардаанд. Дар суханрониҳои мутантани хеш аз ашъор ё навиштаҳои онҳо чизаке ҳам мегӯянд. Аммо чизеро, ки ҳамаи онҳо гуфтаанд, кам адабдӯстони мо ба забон меоранд. Оё зинатбахши оғози ҳамаи девону осори онҳо, раҳматуллоҳи алайҳим, номи Худо набуд? Оё «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим», яъне «Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон» тоҷи унвонҳо набуд?

Агар на мадди бисмиллоҳ будӣ тоҷи унвонҳо…

  Чаро имрӯз ирониҳо ё афғонҳо, ки адабиёти класикиамон бо онҳо муштарак ҳаст, умдатан дар ҳар ҷо суханронии хешро бо «Бисмиллоҳ» шурӯъ мекунанду бештари филологҳои тоҷик не? Ё «бисмиллоҳ» гуфтани мо ба дӯстони амрикоӣ ё яҳудӣ хушоянд нест ва мо бояд эҳтиёт кунем? Оё ба хотири қавме ё гурӯҳе мероси бобоиро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдану аз он ёд накардан хиёнат ба аҷдод нест? Дигар ҳар ҷо, ки бошем чун тоҷикистонӣ ҳастем, хоҳ «бисмиллоҳ» гӯем, хоҳ не, алакай мусулмон муаррафӣ шудаем. Пас биёед ҳар кори худро мисли бузургонамон бо номи Худо шурӯъ кунем, иншоаллоҳ тавфиқ рафиқи мо хоҳад шуд.
  Ҳар мусулмон ва ба хусус тоҷики мусулмон дар шурӯъи ҳар кори ҳалоле бо шумули хӯрдану хуфтану бурдан ҳатман «бисмиллоҳ» мегӯяд. Аммо дар нишасту мулоқотҳои тоҷикони галстукдор басо нодир аст, ки коре бо «бисмиллоҳ» шурӯъ гардад. Ё баъди галстук бастану аз минбари баланд сухан гуфтан зарурат ба зикри он номи бузург нест? Ё бисмиллоҳ, яъне бо номи Худо оғозидани кор танҳо масъулияти муллоҳои муҳтарам ҳасту бас? «Бисмиллоҳ» бигӯем, ки он аз Қуръон аст ва девро аз худ дур кунем, зеро: «Дев бигрезад аз он қавм, ки Қуръон хонанд!» Ёди Худо барои бандагон раҳмат аст ва хушо ба ҳоли миллате, ки хушнудии Худоро сазовор шавад! Биёед Худоро ёд кунем то моро низ ёд кунад, зеро худ Худованд мефармояд: «Узкурунӣ азкуркум», – яъне шумо маро зикру ёд кунед, ман шуморо ёд мекунам. Зоҳиршоҳи Давлат. 2009-09-28.

 

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.