Беди врусӣ

  Bedvrusi1Ин дарахтакро дар деҳаи Мдехарв “беди врусӣ” мегӯянд. Теъдоди он дар деҳа кам астBedvrusi2. Ба фикрам танҳо дар маҳаллаҳои Рав ва Дуршери Тори ҳамин деҳа мерӯяд. Торихи пайдоишаш дар деҳа то ҳол рӯшан нест. Баъзеҳо тахмин мезананд, ки ин дарахт дар деҳа дар солҳои шаступанҷ-хафтоди қарни гузашта, дар замон омадани ду муаллимаи рустаборе, ки аз фанни забони русӣ дар мактаби деҳа дарс медоданду дар муддати чанд сол дар деҳа зисту зиндагонӣ карда буданд, пайдо шудааст. Аммо ин фарзия бидуни далелу асоси дақиқ буда, қобили пазириш нест.
  Дарахти мазкур баргҳои калон-калон ва навдаҳои рангашон сабзи баланд дорад. Агар ҷояш хуб ва офтобрӯя бошад, ба қадри дарахти себ ё мурӯди маҳаллӣ наъшунамо мекунад. Хӯшагулҳои сафеди донача-донача дошта, ҳангоми шукуфтан ва расидан онҳо ба хӯшаи мисли шоначаи думчадоршакли майда мубаддал гашта, ҳангоми хушк шудан, дар вахти шамол ба чортараф пош хӯрда, дар ҳаво давр зада, дар гирду атрофи дарахт дар замин паҳну парешон мешаванд. Ҳангоми сару кор кардан ё қапидани шоху навдаи дарахт дастҳои одам талх мешаванд. Ба ҳамин сабаб паррандаву хомӯшаку пашша аз ин дарахт доимо фосилаҷуй мекунанд. Азиз Қадамов. (Аксҳо аз муаллиф).

 

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.