Ба шоҳигарии Дарвоз омехтани шоҳигарии Ванҷ

  Ванҷ то охирҳои асримиёнагӣ, аз рӯи қонунияти он давраи тӯлоние, ки ба парокандагии феодалӣ мусоидат мекард, чи тавре ишора рафт, мустақилияти худро нигоҳ медошт. Ин ақидаро муаррихи тоҷик, мутахассиси саршиноси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Помир шодравон Баҳодур Искандаров пурра тасдиқ намуда, чунин овардааст: «Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилити воқеиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи пиряхи Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат, мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Кӯқанд дар охири асри XVIII ибтидои асри XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст»[1].
  Албатта, бероҳагию мушкигузариро омили асосии нигоҳ доштани мустақилияти мулки Ванҷ шуморидан хатост. Омили ҳалкунанда дар ин ҷода бешубҳа ҷасурию озодипарастии сокинонаш буд, ки инро боз як далели ишоракардаи олими номбурда тасдиқ менамояд. «Дар асри XVIII, – менависад Б. Искандаров, – яке аз мардони шуҷову барӯманди водии Ванҷ – Шониёз аз деҳаи Сумгад, тамоми аҳолии маҳаллиро дар атрофи худ муттаҳид карда, ба муқобили ҳуҷуми душманони аҷнабӣ сафарбар намуд. Бо фармоиши ӯ барои эмин доштани зану фарзандон ҳар як сарвари оила бояд дар ҷойҳои мушкилгузари дур аз деҳот биною бошишгоҳҳои муваққатӣ сохта, ҳангоми вазъияти фавқулъодда онҳоро ба он ҷо мекӯчонд. Дар деҳа фақат мардоне мемонданд, ки ҳифзи бумгоҳ ва шикасти душманро таъмин карда метавонистанд. Аз рӯи шунид харобаҳои хона – паноҳгоҳи оилавии худи Шоҳниёз то давраҳои на- здик боқӣ монда буданд»[2].
  Ба ин гуфтаҳои олим маълумоти аз падарону бобоён ба мерос гирифтаи сокинони маҳаллӣ тақвият мебахшанд. Аз рӯи хотирони онҳо солҳои 30 – ибтидои 40-ум лашкари хони Қӯқанд ба воситаи ағбаҳои Поймазор ва Старғ ба Ванҷ ду маротиба ҳуҷум намудааст. Вале ин амал барояшон бебарору фоҷиабор анҷом ёфтааст. Тибқи ин маълумот бори аввал, хони Қӯқанд ба ин ҷо юриш намуда, бо як дилпурӣ ба «ғалабаи осон», лашкари зиёд сафарбар накардааст. Ғосибон ҳангоми аз ағбаи Пои Мазор фуромадан ба муқобилияти шадиди мардуми ғайринизомии маҳаллӣ дучор шуда, батамом ба ҳалокат расидаву асир гирифта шуданд.
  Бори дуввум хони Қӯқанд ба таҷрибаи нокомии пешин такя карда ибтидои солҳои 40-уми асри XIX лашкари сершумор фиристод. Азбаски мардуми маҳаллӣ аз ин амал пештар хабар ёфта буданд, бо тайёрии ҷиддӣ ғосибонро «пешвоз» гирифтанд. Ин дафъа ба душманон имкон доданд, ки аз ағбаи Старғ фуромада, қариб бе муқобилият ба маркази шоҳигарӣ Қалъаи Рохарв наздик шаванд. Аз рӯи маълумоте, ки камина, нависандаи ин сатрҳо аз мӯйсафеди беш аз 80 солаи собиқ хизматгори Миришех ва Гулпочо – мирони охирини Ванҷ, Раззоқов Абдусалом, ҳанӯз дар давраи ҷавониам, ибтидои солҳои 60-ум шунидаам, ҳуҷуми дубора ва нокомии ғосибон ин тавр сурат гирифтааст:
  Сарбозони ша (шоҳ) бо дастаи калони ихтиёриёни муҳофиз аз қосидони таҳҷоӣ доир ба оғози ҳуҷум ва шумури тахминии лашкар маълумот гирифта, пешакӣ дидбонгоҳу шинакҳоро бо дастаҳои муҳофизон дар теппаҳои шимолӣ-шарқии маркази шоҳигарӣ тайёр намуданд. Вақти ба марказ наздик шудани ғосибонро тахминан муайян намуда, дастур гирифтанд, ки заминҳои дар самти ҳуҷум ҷой доштаро, ки аз ҷуфти тирамоҳӣ гузашта буданд, об монда душманро интизор шаванд. Бояд гуфт, ки замини Рохарв ниҳоят хоки тозаю мулоим буда, дар он нишонаи регу қум қариб тамоман ба назар намерасад. Аз ин сабаб дар ҳолати аз меъёри барои кишт бештар об мондан, қариб 1,5 – 2 метр қабати болоии замин обро ҷаббида ба лой мубаддал мегардад. Саркарда- гони лашкари хони Қӯқанд, ки акнун аз маркази шоҳигарӣ дуртар пойгоҳи ҳуҷумро тайёр намуда буданд, ба қароре омаданд, ки ҳуҷумро пеш аз субҳ, ки ҳанӯз, чашми рӯз накафидаву мардуми аз мақсади онҳо бохабар ва дар ҳолати ҳарос қарор дошта бошанд, ҳам интизори дар ҳамин торикӣ ба ҳуҷум гузаштанашон нестанд, ба ҳаракат даромада, ба тезӣ марказ ва қалъаи онро фатҳ намоянд.
  Ҳамин тариқ, лашкари душман, ки аксаран аз саворагон иборат буд, фармон гирифта, ба ҳаракат даромад. Аспони бодпои ҷангдида, бо зарби қамчини сарбозон бо суръати баланд ба пеш тохтанд. Сафи пештози лашкар, якбора дар заминҳои шудгори мулоими обкашида ба лой ғӯтида чаппа мешуданд, дигарон, ки масофаро нигоҳ надошта, мехостанд, дар ин фазои барояшон фатҳовар аз пешсафон қафо намонанд, ба саворони дар лой ғутида дакка хӯрда аз болои онҳо ҷаҳида сарозер дар пеши онҳо ба лой меғӯтиданд. Ҳамин тавр, сарбозони даруни лой дармондаи душман, ки дар ҳавли ҷон барои раҳоӣ аз ин варта бо аспонашон якҷоя ҳаракат карда, ба зери якдигар монда, маъюб мешуданд. Аз ин ҳолати қуллай истифода бурда, муҳофизони ба масофаи наздик дар шинакҳо ҷой гирифта, бо милтиқу найза душманонро қариб батамом қир карданд.
  Ҳарчанд ин ҳуҷумҳо бо ғалабаи мардуми маҳаллӣ анҷом ёфта бошанд ҳам, вале хавфи ҳуҷуми нави ғосибон дар ҳолате, ки баъди фавти ҳоким ё ша (нимаи аввали солҳои 40-м), аз сулолаи маҳаллӣ ворисе намонда буд, ё аз Қӯқанд ё аз тарафи дигар эҳсос мешуд. Маҳз ҳамин вазъият сабаби бо ҳам омехтани шоҳигариҳои Дарвозу Ванҷ гардид.
  Доир ба ин омезиш далел оварда, бояд қайд кард, ки чунин ба ҳам омадану аз ҳам ҷудо шудани мулкҳои Дарвозу Ванҷ шояд борҳо такрор ёфта бошад. Аз рӯи баъзе ҳуҷҷатҳои ба тариқи замима дар охири ин ки- тоб омада, доир ба ҳамдастии ин ду мулк дар мубориза алайҳи ҳуҷуми дигар ҳамсоямулкон ба қаламрави онҳо далелҳо мавҷуданд. Аз тарафи дигар, дар баъзе ҳуҷҷатҳо ҳам шоҳигарии Дарвоз ва ҳам Ванҷ чун вило- ят оварда шудаанд, ки ин низ шарҳи худро талаб мекунад.
  Чунин далел мусаллам аст, ки барои бори охир бо ҳам омезиш ёфтани мулкҳои Ванҷу Дарвоз хавфи ҳуҷуми навбатии Қӯқанд сабаб шуда бошад.
  Бояд қайд кард, ки дар ин давра чунин хавф ба Дарвоз низ таҳдид ме- кард. Доир ба қаламрави шоҳигарии Дарвоз солҳои 20-м ва 30-ми асри XIX ҳуҷум овардани Қӯқанд низ маълумоти амиқ мавҷуд аст[3].
  Дар ҳар ҳолат мустақилияти Ванҷро зумрае аз тадқиқотчиён тасдиқ кардаанд. Аз боби мустақилияти худро нигоҳ доштани Ванҷ то солҳои 40-уми асри XIX дар маълумотҳои тадқиқотчиёни рус низ ишора шуда- аст, ки аз он ёдовар хоҳем шуд.
  Шояд ҳамин мардонагии фарзандон ва ободии Ванҷ бошад, ки дар мулкҳои мустақили Помиру Бадахшон ва Дарвоз бо исми Ванҷ номгузорӣ шудани фарзандон (писарон) хеле маъмул буд. Масалан, дар Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон номҳои Шованҷу Мирванҷ кам набуданд. Аз чунин номгузориҳо намояндагони расмии сулолавии маҳаллӣ низ сарфи назар намекарданд. Аз ҷумла соҳибтахти мулки Шуғнон миёнаи асри XVIII (тахминан солҳои1758-1765) Шованҷхон (Шо Ванчи I) ва солҳои 1768-1793 Шо Ванчи II бо ифтихор ёд мешавад. Дар давраи ҳукронии номбурдҳо, шоҳигарии Шуғнон дар байни мулкҳои мустақили минтақа нуфузу эътибори хосса пайдо карда буд.
  Ванҷ, чи тавре ишора гардид, дар давраи салтанати муғулҳо, Темур ва Темуриён, Шайбониёну Аштархониён ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо эълон мешуд, вале амалан доимо мустақил буд. Ин дар давраи ташаккули давлатдории Қӯқанд (охирҳои асри XVIII – нимаи аввали асри XIX), низ мушоҳида мешуд. Халқи шуҷои ин диёр хизматгузории ғуломонаро ба гардан намегирифт. Кам набуданд лаҳзаҳое, ки ба онҳо шоҳигариҳои ҳамсоя, ҳуҷум карда, баъзе аз қитъаҳояро ба зери тасарруфи худ медароварданд, вале ин тобеъит дер давом намекард. Баъзан худи бошандагони ин диёр қаламрави мулкро аз ҳисоби замини ҳамсоямулкҳо васеъ мекарданд.
  Ҳамин тариқ, шиносоӣ бо баъзе лаҳзаҳои таърихи ин диёр, касро ба хулосае меорад, ки мустақилияти ин мулкро ду омил таъмин мекардааст: а) муҳити ҷуғрофӣ, яъне кӯҳу шахҳои мушкилгузар; б) ҷасурию матонати сокинонаш. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки омили дуюм бештар ҳалкунанда будааст. Онро хонандаи ҳассос аз мундариҷаи ин қиссаи кӯтох низ пай хоҳад бурд.
  Бо ҳукми зарурати таърихӣ, аниқтараш барои ҳалли одилонаи муш- килоти сиёсӣ, ки дар боло ишора рафт, Ванҷ ба таври ихтиёрӣ бо шоҳигарии Дарвоз пайваст. Ин раванд бо ташаббуси намояндагони бонуфузи Ванҷ ва соҳибтахти Дарвоз – Исмоилшо амалӣ шудааст.
  Дар Дарвоз ба сари қудрат омадани намояндаи расмии сулолаи шоҳони маҳаллӣ – Исмоилшоро капитани рус ҳангоми сафар ба ин диёр дар асоси пурсуҷӯҳо чунин шарҳ додааст: «Баъди вафоти Султон Маҳмудшо тахти Дарвозро бародараш Аҳмадшо соҳиб шуд, вале аз сабаби золимиаш халқ аз ӯ норозӣ шуда, баъди 2 сол аз Кӯлоб бародарзо- дааш Исмоилшоро даъват кард. Ӯ бо отряди дар Оқсу ҷамъ намудаи худ Қалъаихумбро ишғол кард ва Аҳмадшоро ба қатл расонда, идораи шоҳиро ба даст гирифт. Ӯ 17 сол ҳукмронӣ карда, аз худ чун одами ҷиддӣ, адолатпеша ва инсондӯст хотираи неке боқӣ гузоштааст. Аз Шуғнон ва Вахон ӯ андоз меситонд. Ин 35 сол қабл (1857 – Ҳ.П.) буд»[4].
  Аз навиштаҳои ин муаллиф саволе бар меояд: Бо кадом сабаб Исмоилшо дар Кӯлоб иқомат доштаасту ӯро аз он ҷо барои соҳиб шудан ба тахт даъват намудаанд? Гарчи дар ин бора далели хаттие боқӣ намондааст, вале аз мантиқи рӯйдоди ҳаводиси оянда чунин хулосае бармеояд, ки таҳдиди эъдом дар задухӯрдҳои шадиди дарборӣ ӯро маҷбур сохтааст, ки ба назди ҳокими Балҷувон фирор намуда, дар он ҷо паноҳ ҷӯяд. Шояд ҳамин дастгирӣ буд, ки баъди ба сари қудрат омадан, дар давраи барои ҳокими Балҷувон хеле зарури мубориза ба муқобили ҳокими Ҳисор (дар поён шарҳи ин ҳамкории ҳарбӣ ва оқибати он оварда мешавад) чун иттифоқчии боэътимод, Исмоилшо нақши ҳалкунанда бозидааст.
  Бо тақозои замон ба Исмоилшо муяссар гардид, ки иқтидори шоҳигарии Дарвозро дар муқобили ҳукуматҳои ҳамсоя ба дараҷаи чашмрас расонад, Г.А. Арандаренко давраи ҳукмронии ӯро солҳои 1845-1863 таъйин намудааст, вале аз муқоисаи далелҳо ба хулосае омадан мумкин, ки Исмоилшо соли 1842 ба тахт нишастааст. «Дар давраи Исмоилшо, – менависад Г. А. Арандаренко, – ба дарвозиён иқбол даст дод, ки натанҳо Қаротегин ва Шуғнонро волинишини худ гардонанд, инчунин, муддати дароз набошад ҳам, Кӯлобро бо Ҳисор хироҷдиҳандаи худ кунад»[5].
  Яке аз сабабҳои муҳими қувват гирифтани Дарвоз дар давраи ҳукмронии Исмоилшо ба ин шоҳигарӣ ихтиёран ҳамроҳ шудани Ванҷ (миёнаи солҳои 40-уми асри XIX) ҳисоб меёбад.
  Мавҷудияти шоҳигарии Ванҷ то кунун дар хотираи мардуми қисми марказии ин ноҳия, ки аз падару бобоёни худ шунидаанд, боқист. Ҳарчанд роҳи асосии ба самти қалъа баранда ва худи қалъаи Ванҷ, дар солҳои аввали Ҳокимияти шӯравӣ аз байн рафта бошанд ҳам, ҳанӯз қалъа чун ҷои шоҳ (ша) – шаҳнишин ё мир – мирнишин ва роҳи асосии он чун «шаҳраҳа» ёд мешавад. Ин шоҳигариро низ намояндагони ҳамон сулолае, ки худро чун авлоди Шоҳ Искандар муаррифӣ намуда, ҳукмронии шоҳигариҳои Қаротегин, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Вахон ва Бадахшонро ба зимма доштанд, идора мекарданд.
  Роҷеъ ба ҳамроҳшавии Ванҷ бо Дарвоз, ки пайвастани ихтиёрӣ буда, аз зарурати замон бармеомад, сухан ронда, аз як маълумоти ин иқдоми ихтиёриро радкунанда низ сарфи назар намудан аз диди ҳақиқатнигории таърихӣ норавост. Олими табиатшиноси рус А.Э. Регел дар ибтидои солхои 80-уми асри XIX ба Қаротегину Дарвоз сафари касбӣ дошта, дар қайдҳояш овардааст, ки Дарвоз «Чиҳил сол қабл (ин ба ибтидои солхои 40 рост меояд – Ҳ.П.), баъди ҷанги дувоздаҳсола Ванҷро забт намуда, бисёре аз сокинонашро ба Бухоро фурӯхт. Ҷангҳо бо Қаротегин низ воқеъият доштанд. Соли 1868 ба муҳобили Шуғнон юриш карда шуд, вале бо шикасти дарвозиён анҷом ёфт ва ҷанговаронаш ба Бадахшон ва Қошғар фурӯхта шуданд»[6].
  Ин суханони муаллиф маъхази ирҷоъ надоранд ва аз муҳоботи хаёлии нависанда беш нестанд. Аввало он давраеро, ки муаллиф дар назар дорад, пеш аз ҳукмронии Исмоилшо буд ва Дарвоз барои чунин амал иқтидори кофӣ надошт, сониян худаш ҳадафи ҳуҷуми хони Қӯқанд қарор ёфта буд.
  Маҳз Исмоилшо (дар баъзе маъхазҳо – Шоисмоил), ки худ сиёсатма- дори варзида буд, тавонист, ки алоқаи наздики хешӣ бо шоҳи Ванҷ, ҳаммазҳабии сокинони ҳарду шоҳигарӣ ва аз ҳама муҳим, хавфи ҳадафи тасарруфи давлатҳои нисбатан пурқувваттари ҳамсоя (пеш аз ҳама Бу- хорову Қӯқанд ва Афғонистон, ки дар он таъсири Англия эҳсос мешуд) қарор ёфтанро асос намуда, ин ду шоҳигариро бо ҳам пайвандад. Ҳамроҳшавии ихтиёриро боз чунин далел собит месозад, ки ин тобеъият то давраи ҳамроҳ намудани шоҳигарии Дарвоз ба аморати Бухоро то ан- дозае рамзӣ (номиналӣ) буд. Баъди қабули ин «тобеъият» низ Ванҷро амалан ҳокимони маҳаллӣ – мирҳо идора мекарданд.
  Тахмини ғолиб меравад, ки он аз воқеъияти мантиқии замон маншаъ гирифтааст ва яке аз сабабҳои бо ҳам омезиш ёфтани ин ду шоҳигариро дар набудани валиаҳд (вориси тахт) аз тарафи шоҳи Ванҷ ҳисоб кардан лозим меояд. Шояд аз намояндаи ин сулола дар Ванҷ, ки худро мисли шоҳони Қаротегин, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Бадахшон, аз авлоди Шоҳ Искандари Румӣ (Искандарӣ Мақдуниро дар назар доштанд) мепин- дошт, писар набудааст, ё шояд доштаасту пештар фавтидааст. Ин қоида дар интихоб ё таъйиноти шоҳони мулкҳои номбаршуда маъмул буд. Баъзан дар ин ё он шоҳигарӣ ҳукумат рондани ҳокимон (шоҳҳо) бо исми Шованҷхон, Шоидарвоз, ва ғайра, ки дар боло ишора рафт, шояд аз ҳамин зарурат сар мезад.
  Қобили қайд аст, ки баъди ҳамроҳ шудани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори шоҳигарии Дарвоз хеле афзуд. Ба сафи лашкари Исмоилшо ҷавонони ҳузарби ванҷӣ ворид гашта, имконияти ҷангии ӯро ба маротиб афзуданд. Беҳуда нест, ки маҳз ҳамин боварӣ ба қувваи лашкари худ ва имконияти ғалаба Исмоилшоро муваққатӣ бошад ҳам, ба фатҳи Рӯшон, Шуғнон, Қаротегин, Ҳисор бархезонд ва имкон дод то Кӯлобу Балҷувонро низ ба доираи таъсири худ дарорад.
  Маҳз бо назардошти ин вазъият намояндаи расмӣ-маъмурии Русия дар Туркистон Г.А. Арандаренко (генерал-майор, губернатори вилояти Фарғона) қайд намудааст: «Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиҳо тақдир даст дод, ки ҳокимияти худро натанҳо дар Қаротегин ва Шуғнон ворид созанд, инчунин тӯлонӣ ҳам набошад, аз Кӯлобу Ҳисор боҷ ситонанд»[7]. Тибқи маълумоти тадқиқотчии то замони шӯравии рус Б. Н. Литвинов, дар давраи идоракунии Исмоилшо Дарвоз «ба авҷи аълои тараққиёти худ соҳиб шуд»[8].
  Ба таърихи хукмронию фаъолияти Исмоилшо таърихшиноси намоёни Тоҷикистони шӯравӣ Н.А. Кисляков (1901-1973) таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст. Ӯ ба ахбори ҷамъовардаи хеш такя карда, лаҳзаеро бознамоӣ мекунад, ки аз қудратмандии ин шоҳи Дарвоз гувоҳӣ медиҳанд. Тибқи навиштаҳои ӯ ва далоили дигар маъхазҳои мавҷуда вусъати нуфузу таъсир ва паҳнои ҳокимияти Исмоилшо чунин сурат гирифтааст:
  Ҳокими Балҷувон Каттабек аз қабилаи қатаған аз вазъи номӯътадили сиёсии Ҳисор дар солҳои 40-50-уми асри XIX истифода бурда, соли 1841 ба қаламрави он аз самти Норак ва Кофарниҳон ҳуҷум кард. Каттабек ба ғалабаи осону ба даст даровардани ғаниматҳои зиёд боварии қавӣ дошт. Вале ғорат намудани чанде аз деҳоти дар роҳи ҳуҷум қарордошта, аз ҷумла деҳоти Ромит сабаби шиддат гирифтани муқобилияти аҳолӣ гардид. Ба замми ин ба қароргоҳи муваққатии лашкари Каттахон қӯшуни ҳокими Ҳисор Абдулкаримхон расида ба ҳуҷум гузашт. Дар натиҷа сарбозони Каттахон шикасти сахт хӯрда, худи ӯ асир афтид. Мушкилии вазъиятро фаҳмида писари Каттахон Мизробшо таъҷилан ба ҳокими Ҳисор нома фиристода, ӯро қатъиян огоҳ кард, ки «дар ҳолати ба қатл расондани падараш як қисми қаламрави Ҳисорро ғорат ва вай- рону валангор хоҳад кард». Вале бо талаби қатъии ромитиён, ки ғоратгариҳои Каттахон ғазабашонро ба ҳадди ихтиёр бароварда буд, ин ҳокими ғосиб ба қатл расонда шуд[9].
  Мизробшо барои қасоси падарашро гирифтан бо Исмоилшо гуфту- шунид карда (чунин рафтор бори дигар тасдиқ менамояд, ки Исмоилшо аз таъқиби ҳамсулолагонаш-талошмандони тахти Дарвоз ба ҳимояи ҳокими Балҷувон дар Кӯлоб паноҳ бурдааст), ӯро барои якҷоя ба мулки
  Ҳисор лашкар кашидан розӣ кунонд. Исмоилшо Тавилдараро қароргоҳи маъмурии хеш интихоб карда, дар Қалъаихумб ба сифати волӣ писа- рашро таъйин намуда, ба Ҳисор лашкар кашид. Ба сабаби мавҷуд набу- дани маъхази боътимоди хаттӣ вусъати фаъолияти ҷангии Мизробшоро дар ин амалиёти якҷояи ҳарбии зидди Ҳисор муайян намудан хеле душ- вор аст, вале аз натиҷаи корзор бармеояд, ки Исмоилшо дар он мавқеи ҳалкунанда доштаааст. Ӯ Файзободро ба осонӣ ишғол намуда, фавран ба тарафи Душанбе ҳаракат кард. Ин бесабаб набуд. Душанбе дар он замон баъди пойтахти мулки мустақили Ҳисор аз рӯи нуфузи сиёсию иқтисодӣ дар ҷои дуввум қарор дошт. Исмоилшо ба Душанбе ворид шуда, шаҳрро оташ зад. Ин амал ҳокими Ҳисорро ба тахлуқа афтонд. Ӯ пойтахтро ба ҳоли худ гузошта, роҳи гурезро пеш гирифт. Аз ин истифода бурда, Исмоилшо Ҳисорро ишғол кард ва онро ба сарбозонаш ба ғорат дод. Ӯ ғанимати зиёди (аз ҷумла чорво) ба даст овардаашро ба Кӯлоб фиристода, ният дошт, ки онро чун пойгоҳи (база) чорводории Дарвоз қарор диҳад. Худи Исмоилшо бо ғанимати зиёде ба Тавилдара баргашт.
  Дере нагузашта ҳокими Балҷувон Мизробшо вафот кард. Бародари хурдиаш Сарабек (дар баъзе маъхазҳо Сарахон) ҳокимии Кӯлобу Балҷувонро ба даст гирифт. (Тибқи маълумоти муҳаққиқ Ғ. Ғоибов, баъди Мизробшо бародараш Қамчинхон се сол ҳукмронӣ кардааст[10]. Ба тахмини мо, Қамчинхон фақат ҳокими Балҷувон будааст). Аз вазъият истифода бурда, ҳокими Ҳисор Абдулкаримбек ба Сарабек қаробат ҷуст ва ӯро барои ба муқобили собиқ иттифоқчии Мизробшо, Исмоилшо якҷоя ҳуҷум овардан розӣ кунонд. Худи Сарабек низ ба ин амал ҳавасманд буд. Ӯ намехост, ки дар иттифоқи ҳарбии Кӯлобу Дарвоз мавқеи дуйюмдараҷа дошта бошад. Ғурури бузургманишии Исмоилшо ӯро ба ҳоли бехудӣ меовард.
  Акнун ду ҳокими бо ҳамдигар аҳди бародарӣ бастаи Кӯлобу Ҳисор, бо лашкари зиёде ба қаламрави Дарвоз ҳуҷум намуданд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо Исмоилшо самти ҳуҷуми онҳоро муайян карда, қӯшуни худро ба Обигарм овард. Дар ин ҷо муҳорибаи шадиде ба амал омад, ки ба шикасти Исмоилшо анҷом ёфт.
  Парии Ҳисорӣ, монанди дигар сокинони Ҳисор ҳуҷуми Исмоилшо ва молу амволи ҳамроҳи ҳокими Кӯлоб – Сарахон ба ғоратбурдаашро ба хотир оварда, ҳиссиёти бадбинии худро пинҳон намекард ва акнун аз ин ғалабаи Ҳисору рақиби дирӯза ва иттифоқчии имрӯзаашон хеле фараҳманд буд. Ӯ ҳиссиёти хушнудии худро нисбати ғалабаи сарлашка- рони Ҳисор Муҳаммадҳакимбийю Қосимбий, шикасти Исмоилшо ва ақибнишинии ӯро дар чунин мисраъҳо баён доштааст:

Бифармуд аз хашм дар корзор,
Сипаҳдори лашкар сипоҳи Ҳисор.
Кашад бар сари ёғии бадниҳод.
Занад сар зи гардан ба теғи ҷиҳод.
Ба фармудаи подшоҳи замон,
Шуд омода лашкар зи пиру ҷавон.
Ҳама ҷамъ гаштанд хурду бузург,
Чи Хатлону Деҳнав, чи тоҷику турк.
Бад-ин гуна лашкар ба чандин алам,
Расиданд то балдаи Обигарм.
Баромад ба сад узру бидид ин ҳашам,
Амон хост бар ҷону бидод Обигарм.
Шаҳисмоил он шоҳи баргаштабахт,
Ҷудогашта аз давлату тоҷу тахт.
Дар ин ҳол омад, шуд огаҳ зи кор,
Зи кайфияти лашкари бешумор.
Намудӣ ба чашмаш ҷаҳон растахез,
Гирифтӣ ба якбора роҳи гурез[11].

  Аз мазмуни ин мисраъҳо бармеояд, ки лашкари иттифоқчиён нисбат ба қӯшуни Исмоилшо ба маротиб зиёд будааст. Ба замми ин аз шоҳигариҳои Қаротегину Рӯшон, ки он вақт зери итоаташ қарор дошта, аз ӯ раҳоӣ меҷустанд, дастгирӣ ёфта натавонист. Фақат сарбозони дар- возию ванҷии дар ихтиёраш буда, ки ҳам аз ҷиҳати шумора ва ҳам аз ҷиҳати яроқнокӣ бартарӣ дошта наметавонистанд, барои ғалаба имкон намедод.
  Исмоилшо маҷбуран ба Тавилдара ақибнишинӣ кард. Кӯшиши дар он ҷо ҷиддан ба такмили лашкар машғул шудан ва ба ҳуҷум гузаштан, бенатиҷа анҷом ёфт. Иттифоқчиён қалъаи Тавилдараро, ки мудофиаи онро Исмоилшо ва писараш Шоидарвоз таъмин карданӣ буданд, ба муҳосира гирифтанд. Исмоилшо нобаробарии қувваҳоро дида маҷбур шуд, ки ба иттифоқчиён таслим гардад. Ӯро бо тамоми аҳли оилааш асир гирифта, ба Ҳисор бурданд.
  Аз чунин сурат гирифтани воқеа бохабар гашта, дар Қалъаихумб чан- де аз ҳамсулолагони тахтхоҳи дарбор писари Исмоилшо Юсуфхонро, ки чун валиаҳд таъйин шуда буд, кушта ҷасадашро ба дарёи Панҷ партофтанд. Исмоилшои маҳбус ин амали манҳуси наздиконашро шунида, чун рамзи азодорӣ як қабза риши дарози (аз рӯи ривоятҳо на кам аз се қабза будааст) худро буридааст. Баъди чанде, ҷасади писарашро, ки дар
  Қубодиён аз дарё берун кашида буданд, оварда ба пешаш гузоштанд. Ӯ навҳаи ҷонхароше карда, ришашро боз як қабза болотар бурид. Баъди чанде, тибқи ҳукми Сарахону Абдукаримбек Исмоилшоро бо писараш Шоидарвоз ба қаламрави Афғонистон бадарға намуданд. Пас аз ду соли сарсониҳо ӯ дар Бадахшон вафот кард. Дар ин замон писарамакаш Иброҳимшо ҳокимиятро ба даст гирифта буд.
  Бояд қайд кард, ки аз рӯи ривояте дар деҳаи Тӯдаи Ҳисор шоҳони Дарвоз зиндагӣ доштаанд. Дар ҳақиқат то ба имрӯз дар ин деҳа қабристоне мавҷуд аст, ки дар хотири халқ чун Қабристони шоҳони Дарвоз боқӣ мондааст. Гӯё ҳамроҳи онҳо дар ин ҷо шоир Давлатшоҳи Дарвозӣ низ зиндагӣ дошта, шеърҳои беҳтаринашро дар Тӯда эҷод кардааст. Устод Мӯъмин Қаноат низ бо ёрии мӯйсафеди ҳамин маҳалла Ҳоҷи Султони Нақим ба он қабристон рафта, мазори шоҳони Дарвозро зиёрат кардааст[12]. Ин ривоят асоси воқеӣ дорад. Чӣ тавре дар боло ишора гардид, ҳангоми дар асорат нигоҳ доштани Исмоилшо ҷасади писараш Юсуфхонро оварда дар пешаш гузошта буданд. Табиист, ки он ҷасадро дар Ҳисор ба хок супурдаанд. Номи қабристони Шоҳони Дарвозро гирифтан низ ба ҳамон Юсуфхон мансубият дорад. Аз рӯи мантиқи раван- ди ҳодисаҳои баъди шикасту асир шудани Исмоилшо шояд дар миёни асирон фарзандони шоҳ будаанд ва фарзанду наберагони ин авлод чун авлоди шоҳони Дарвоз дар ҳамин қабристон мадфун шудаанд. То ба имрӯз боқӣ мондани ривояте, ки авлодони шоҳони Дарвоз дар Ҳисор зиндагиву фаъолият доштаанд, аз ҳамон асл маншаъ гирифтааст.
  Писари Исмоилшо Шоидарвоз баъди вафоти падараш аз Афғонистон ба Ванҷ гузашта, пас аз чанде дар атрофи худ ҷавонони ин диёрро ҷамъ намуда, тавонист, ки лашкари пурқуввате ташкил диҳад. Бо ин қӯшун ӯ аз Қалъаи Ванҷ ба Қалъихумб лашкар кашид. Иброҳимшо фаҳмид, ки пеши роҳи Шоидарвозро гирифта наметавонад, пойтахтро тарк намуда, бо қӯшуни дар ихтиёрашбуда, ҳамроҳи наздиконаш ба Сағирдашт гу- рехт. Лашкари Шоидарвоз бе монеа Қалъаихумбро ишғол карда, бо як қисми сарбозонаш барои дастгир кардани Иброҳимшо ба сӯи Сағирдашт шитофт. Иброҳимшо дар наздикии қалъаи Сағирдашт хати мустаҳками истеҳкомӣ-мудофиавӣ сохта, бо сарбозону наздиконаш камин гирифт. Вале ба қӯшуни Шоидарвоз муқобилияти ҷиддие нишон дода натаво- нист.
  Аз рӯи маълумоту ривоятҳо, дар ин ҷо азбаски ғалабаи Шоидарвоз яқин буд, лашкари Иброҳимшо ба ақибнишинӣ майл мекард. Ин вазъиятро мушоҳида карда, барои рӯҳияи лашкарро бардоштан, яке аз фармондеҳони ҷасури Иброҳимшо Ёхсучӣ (шояд на исмаш, балки нисбааш бошад) бо найзааш ба майдон баромада гуфтааст: «Агар дар лашкари Шоидарвоз ягон ҳарифи ба ман мувофиқ бошад, барои қувваозмоӣ барояд. Якка ба якка меҷангем, то пеши ин хунрезиро гирем». Сарбози ҷасури Шоидарвоз Мирмӯҳтоҷ ин даъватро кабул намуда, ба майдон ба- ромад. Ҷанги тан ба тан бо найзапартоиҳои тарафайн оғоз ёфт. Бояд қайд кард, ки Мирмӯҳтоҷ – падари яке аз заминдорони калон Фирӯзшо ва бобои сарварони қувваҳои аксулинқилобии Дарвоз Ғайратшою Дило- варшо мебошад.
  Эҳтимол дар ин ҳарб Мирмӯҳтоҷ бартарӣ дошт, ки Иброҳимшо баъди ин ба Қалъаи Сағирдашт ақиб нишаста, бе муқобилияти иловагӣ нияти аз он ҷо баромада рафтанро хабар дод. Бо боқимондаи лашкараш ӯ ба Тавилдара рафта, дар он ҷо қарор гирифт. Шоидарвоз бошад, ба Қалъаихумб баргашт.
  Дар ин маврид бояд ёдовар шуд, ки дар кори муваққатан ба ифоқа омадану Сағирдаштро тарк кардани Иброҳимшо, хизмати эшони Мирафзал (амаки эшони Султон) то андозае ҳалкунанда буд. Вале бо ин муқовимати Иброҳимшо хотима наёфт, зеро баъди як сол Шоидарвоз ба Тавилдара лашкар кашида Иброҳимшоро пурра торумор кард[13].
  Аз тафсилоти ин вақоеъ чунин хулоса бармеояд, ки солҳои 60-уми асри XIX солҳои муборизаи шадиди байни намояндагони хонадони шоҳони Дарвоз, бародарон Султонмаҳмуд, Исмоилшо ва фарзандонашон – яъне амакбачаҳо ҳисоб меёбад.
  Ба бартарии қувваҳои Шоидарвоз нигоҳ накарда, муборизаҳо дар оянда низ идома ёфтанд. Эҳтимол бо ёрии ҳокимони Кӯлобу Ҳисор ба тахти шоҳигарии Дарвоз писарони Султонмаҳмуд (солҳои 1829/30 – 1838/39 соҳибтахт буд)- охирин намояндаи сулолаи шоҳони Дарвоз Сироҷуддиншо соли 1870 соҳиб шуда, то аз тарафи қӯшунҳои амири Бухоро ғасб намудани ин мулк ҳукм рондааст.
  Аз тариқи шиносоӣ бо қиссаи яккатозии Исмоилшо, муваффақияту нокомиҳои ӯ ва амали хунини намояндагони хонадони шоҳони Дарвоз хонанда то андозае таъсири мардуми Ванҷро эҳсос мекунад. Ҳамроҳ шудани Ванҷ бо Дарвоз назаррастарин дастоварди сиёсии Исмоилшо ҳисоб меёбад. Ин дастовард ба маротиб афзудани нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии ӯро таъмин намуд. Илова бар ин дар ҳолате, ки та- моми қаламрави Дарвоз ба дасти рақибони дарбории Исмоилшо гузашта буд, Ванҷ нафақат ҳукмронии онҳоро напазируфт, балки барои аз нав ба тахт соҳиб шудани валиаҳди қонунӣ – писари Исмоилшо Шоидарвоз, нақши ҳалкунанда бозид. Вале минбаъд мудохилаи ҳокимони ҳамсоя барои аз нав мустаҳкам шудани ҳокимияти мустақими писару наберагони Исмоилшо имкон надод. Ба замми ин бояд илова кард, ки маҳз шуҷоату мардонагии сокинони Ванҷ нагузошт, ки алангаи ин фоҷиаҳои дарборӣ дар диёрашон доман паҳн намояд. Ин ақидаро раванди воқеаҳо оянда тақвият мебахшанд.
  Соҳиби тахт шудани шоҳони охирини Дарвоз ба даврае рост омад, ки кӯшишҳои футуҳоти Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна оғоз ёфта ва ба муваффақияти ҳалкунанда низ расида буд. Кӯшиши амири Бухоро Сайид Музаффар барои бо набарди ғалабаовар истиқлолияти кишвар ва ҳудуди аморатро нигоҳ доштанӣ буд, мувофиқи мақсад анҷом наёфт. Дар натиҷаи шикасти қатъӣ чанде аз музофотҳои аз ҷиҳати иқтисодию стратегӣ (ҳарбӣ) хеле муҳим, ба монанди Хуҷанд, Ӯротеппа, Панҷакент, Самарқанд ва Каттақӯрғон, мувофиқи шартномаи 23-ми июни соли 1868 байни Русиву Бухоро, ба ҳайати Русия гузаштанд. Тибқи шартномаи соли 1873 истиқлолияти аморати Бухоро ба таври расмӣ нигоҳ дошта шуда бошад ҳам, амалан ин давлат ба тобеъияти бечунучарои (протекторат) империяи абарқудрати Русия гузашт. Акнун амири аз ноилоҷӣ ба доираҳои ҳукмрон ва сарварони ҳарбӣ-дипломатии рус ба сифати «дӯсту иттифоқчӣ» кашидашуда, бо розигию дастгирии онҳо, чун ҷуброни вилоятҳои аз дастрафтааш, барои зӯран тобеъ кардани мулкҳои мустақилу ниммустақили Бухорои Шарқӣ оғоз кард. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

[1]  Искандаров Б.И. Социально-экономические и политические аспекты истории Па- мирских княжеств (X – первая половина XIX вв.). – Душанбе: Ирфон, 1983. – С.63.
[2] Ҳамон ҷо.
[3] Ниг.: Пирумшоев Ҳ. Таърихи Дарвоз. – С.50-53.
[4] Кузнецов П.А. Дарвоз. – С.4.
[5] Арандаренко Г.А. Дарваз и Каратегин. – С.146.
[6]  Регель А.Э. Поездка в Каратегин и Дарваз // Известия Русского географического общества. – Т. 18. – 1882. – Вып. II. – С.140.
[7] Арандаренко Г.А. Дарваз и Каратегин. – С.146.
[8] Литвинов Б.Н. Через Бухару на Памир // Исторический вестник. – Т. 98. – СПб., 1894. – С.717. Ҳамчунин ниг.: Васильев. Краткое статистическое описание Каратеги- на // Сб. геогр., топогр. и ст. материалов (минбаъд: Сборник материалов по Азии). – СПб., 1888. – Вып. 33. С.25-26.
[9] Юсупов Ш. К истории дореволюционнго Душанбе. – Душанбе: Дониш, 1989. – С.14.
[10] Ғоибов Ғ. Таърихи Ҳисори шодмон, Чағониён ва Душанбе. – Душанбе, 1999. – С.133.
[11] Ҳабибов А. Мероси адабии шоирони Ҳисор. (Матни интиқоди, муқаддима ва тавзеҳоти А. Ҳабибов). – Душанбе, 1974. – С.117.
[12] Ниг.: Шоҳони С.Бозгашти булбул. Ҳикоёту хотирот аз ҳайёт ва фаъолияти ҳофизону ромишгарони Ҳисори шодмон. – Душанбе, 1997. – С.158-159.
[13] Кисляков Н.А. Ишан-феодал Восточной Бухары // Труды Таджикской базы АН СССР. – Т. IX. – История-язык-литература. – М. – Л., 1940. – С.5-6.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.