Аҳмад Беков

  ahmadbegАҳмад Беков аз ҷумлаи фарзандони паҳлавони номӣ Бек Мӯъминов буда, дар соли 1964 дар Вравзи деҳшӯрои Водхуд таваллуд шудааст. Ҳанӯз дар давраи таҳсилаш дар мактаби миёнаи деҳа бо чусту чолокӣ аз ҳамсолонаш фарқ менамуд. Ба дарси тарбияи ҷисмонӣ шавқу рагбати беандоза дошт ва аз синфҳои 6-8 мактаб ба гӯштӣ, ки шуғли дӯстдоштаи бачаҳои деҳа мебошад, дил баст. 
  Ӯ ҳанӯз дар хурдсолӣ аз забони падари пахдавонаш аз хусуси далерӣ ва тавоноии амакаш Дилдорпаҳлавон қиссаҳо шунида, дар замираш орзуи паҳлавон шудан ҷӯш мезад. Ба мактаби деҳа ба сифати муаллими тарбияи ҷисмонӣ омадани амаки паҳлавонаш Шодмонбек Ширинбеков ва ба машқи гӯштӣ асос гузоштани ӯ дар мактаб, ибтидо ёфтани машқҳои муттасил барои ба амал омадани орзуҳои ӯ таҳкурсии мӯътамаде гардид. Аҳмад аз синфҳои болоии мактаб сар карда, чун паҳлавони умедбахш дар деҳа ва ноҳия ангуштнамо гардид ва ҳатто дар спартакиадаҳои ноҳия ва вилоят дар вазнҳои сабук иштирок намуда, дар байни калонсолон ҳам ҳунари назаррасе намоиш медод. Баъди адои таҳсили мактаби миёна аз рӯи шавқ ба Донишкадаи тарбияи бадан дохил шуда, зери назорати устодони варзида Маҳмадшариф Сулаймонов ва Муруватшо Бачабеков ҳунари худро сайқал дода, ба мартабаи пахдавони шинохтаи чумҳурӣ дар вазни 80-90 кг расид. Ӯ дар ин мудат ба дараҷаҳои баланди устоди спорти ИҶШС дар намудҳои гӯштии озод, дзюдо ва устодии ҷумҳурӣ дар гӯштии миллӣ баромада, дар мусобиқаҳо пайи ҳам ғалабаҳои комил ба даст меовард.
  Иштироки ӯ дар мусобиқаҳои ниҳоии дзюдо аз рӯи барномаи спартакиадаи тобистонаи халқҳои ИҶШС дар шаҳри Минск (1991) хеле хотирнишин аст. Аҳмад бо маҳорат ва чолокии бемонанд нозирон ва ҳатто муқобилони хешро ҳам дар ҳайрат гузошта, сазовори ҷои баланд ва медали спартакиада гардид.
  Риштаи ҳаёти паҳлавони номӣ дар давраи иуравҷи фатҳи зинаҳои нави шӯҳрат тирамоҳи соли 1999 канда шуда, ӯ доғи фироқро дар дили ёру дӯстон ва паҳлавонони ҷумҳурӣ боқӣ гузошт. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Аҳмадпаҳлавон

  Деҳаи хушманзара аз канораш рӯд ҷорист, ки аз оби он деҳаҳои Лахш, Даштак, Лангар, Лугад, Бунига ва дашти Торуғ ташнагии худро мешикананд. Номи деҳаи мо Вравз аст. Фаслҳои баҳору тобистон ва тирамоҳ дар канори рӯд, лаби заминҳои шудгор ҷои қуваозмоии кӯдакон мешавад, ин худ як анъанаи тарихист. Номи паҳлавонони ин деҳа: Худёрбекпаҳлавон, Дилдорпаҳлавон, Алифпаҳлавон, Бекпаҳлавон, Шодмонпаҳлавон то ҳанӯз вирди забони мардуми ноҳия мебошад.
  Дар чунин муҳит қаҳрамони қиссаи мо Аҳмадпаҳлавон зода шудаст. Аҳмади Бек соли 1964 дар хонаи паҳлавони номии диёр Бекпаҳлавон, дар деҳаи зебою хушманзараи Вравз,ҷамоати Водхуд, ноҳияи Ванҷ, ВМКБ по ба олами ҳастӣ гузоштааст. Ӯ аз хурдсолӣ бачаи бебок, далеру зирак ва оромтабиат буд. Оромтабиатӣ хислати шоистаи мардуми ин деҳа аст.
  Аҳмад соли 1971 ба синфи якуми мактаби миёнаи №6-и деҳа қадам монд.Чун бо варзиш шавқи беандоза дошт, бо тавсияи муаллими варзишаш Шодмонбекпаҳлавон баъди синфи 8-ум ба шаҳри Душанбе омад ва таҳсилро дар мактаби захираҳои олимпӣ идома дод. Баъди хатм ҳуҷатҳояшро ба Донишкадаи варзиши Тоҷикистон супурда, бо мувафақият донишҷӯ шуд.
  Таҳсил дар донишкада ва дарсу тамринҳо аз устодии Муҳамадшариф Сулаймонов ва Муриватшо Бачабеков боиси баланд шудани маҳорати варзиши Аҳмад шуд. Дар ин давра ба ӯ дараҷаи Устоди Варзиши ИҶШС насиб гардид. Дар мусобиқаҳо оид ба гуштини миллӣ, ҷудо, самбо ва муҳорибаҳои юнониву румӣ хуб баромад карда, зафар меёфт. Ӯ соли 1991 дар спартакиадаи халқҳои ИҶШС дар шаҳри Мински Белорус бо маҳорат баромад карда, ҳамаи ҳарифон ва мураббиҳоро ба маҳорати хоси худ дар ҳайрат гузошт. Соҳиби медал ва ғолиби мусобиқа гашт.
  Риштаи умри паҳлавони мо дар айни камолот соли 1999 нобаҳангом канда шуд, вале аз вай номи неке боқи монд. Дар сӯги ӯ Саломи Баравни марсияе сурудаанд:
Ҷаҳонпаҳлавон, Аҳмади шергир,
Ки дар рӯи майдон набудаш назир.
Ба ҳукми қазо сар ба зонуи хок,
Фиканду ба кунҷи лаҳад шуд асир.
Ёдат ба хайр, ҷаҳонпаҳлавон Аҳмад! Давлатмир Юнусзода.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.