Анвар Шукуров

  anvarshkurАнвар Шукуров номзади илмҳои иқтисодӣ 24 декабри соли 1934 дар деҳаи Чихохи ноҳияи Ванҷ, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.
  Баъди хатми Донишкадаи давлатии иқтисодии шаҳри Москва (шӯъбаи иқтисодиёт ва банақшагирии таъминоти моддӣ-техникӣ), соли 1958 дар чунин вазифаҳо шуғли кор доштааст: солҳои 1958-1960 ходими хурди илмии шӯъбаи иқтисодии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, 1960- 1963 аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1959-1960 дар ҳамкорӣ омӯзгори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, 1963-1966 ходими хурди илмии Институти иқтисодии АИ ҶШС Тоҷикистон.
 Рисолаи номзадиро А.Шукуров дар мавзӯи “Самаранокии иқтисодии коркарди маъданҳои полиметаллии Тоҷикистони шимолӣ дар асоси истифодаи комплексӣ” (“Экономическая эффективность разработки месторождений полиметаллических руд Северного Таджикиситана на основе их комплексного использования”) зери роҳбарии олими шинохта – профессор Первушин Сергей Алексеевич навиштааст.
  А.Шукуров яке аз кӯҳнавардони (алпинист) машҳур, аъзои дастаи яккачини кӯҳнавардони Иттифоқи Шӯравӣ буда, чун сардори гурӯҳи кашшофон чандин қуллаҳои Помир ва дигар қуллаҳои дар ҳудуди ИҶШС бударо фатҳ намудааст.
  Риштаи умри ин олими умедбахш, варзишгари ҷуръатманди тоҷик дар айни авҷи камолот, соли 1966 ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Ҳангоми кӯшиши берун кашидани зани дар Искандаркӯл ғарқшуда, худ гарқ шуда, ҳалок гардид. Хотираи ин олими ҷавон, марди шуҷоъ дар дили ҳамдиёрон ҳамеша боқӣ хоҳад монд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.