Алиназар Мӯъминов

  alinazarmАлиназар Мӯъминов устоди варзиши ИҶШС оид ба гӯштии дзюдо аст. Зодаи деҳаи Даштаки деҳшӯрои Водхуд дар соли 1952 мебошад. Аз овони мактабӣ шуғли варзиш дошт. Солҳои 1968-1971 дар омӯзишгоҳи омӯзгории Навободи ноҳияи Ғарм ва солҳои 1971-1975 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Варзишгари касбӣ.
  Алиназар Мӯъминов дар чанде аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию умумииттифоқӣ ширкат варзида, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гаштааст. Аз ҷумла моҳи ноябри соли 1979 дар мусобиқа аз рӯи гӯштии тарзи дзюдо барои гирифтани “Ҷоми Шӯрои вазирони Қазоқистон” дар шаҳри Алма-Ато ҷои аввалро гирифт.
  Таи солҳои 1975-1993 устод ба ҳайси ҷонишини декан ва декании факултаи донишкадаи варзишро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1993 дар вазифаи сардори шӯъбаи Кумитаи нафту гази назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат дошт. Марги нобаҳангом ин марди шарифро соли 2002 аз байни фарзандон, мухлисон ва шогирдони сершумораш рабуд. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

1 Назар

  1. ХУДОВАНД ИН АБАРМАРДИ ВАНЧЗАМИНА РАХМАТУ МАГФИАТАШ КУНАД. ХАМЕША ЧОЯШ НАЗДИ МО ХОЛИСТ. БО ЭХТИРОМ ЧАНД НАФАР АЗ ШОГИРДОНИ ВАФОДОРАШ.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.