Аввалмо – паҳлавони майдон

  AvalpalvonСад сол пеш. Ҳанӯз Тоҷикистони шӯравӣ набуд, Ванҷ ҳам. Дар яке аз рӯзҳои офтобии моҳи ҷавзо корвони хурде иборат аз чанд аспсавор ва се хар бор, ки асосан намак доштанд, як ҳафта боз аз Ванҷи поён сар карда оҳиста-оҳиста боло мерафтанд. Ин корвони дарвозиҳо буд, ки бору намаки худро ба баъзе колоҳои ванҷӣ, аз ҷумла оҳанолот: табар, теша, аррадос, хоиску монанди инҳо, инчунин ғалла иваз мекарданд ва бо худ як паҳлавон ҳам оварда буданд.
  Дар деҳоти калонтар, ки мардуми бисёр ҷамъ мешуданд, паҳлавонашонро муаррифӣ карда, сари хирмане ҳариф мехостанд ва гӯштин медохтанд. Мардуми Ванҷ бошанд, зуд бо шӯру шавқ пайи ташкили гӯштин мешуданд, чун мо ба қавле ошиқи ин варзишем ва ҳатман гӯштингире дар ҳар деҳа ҳаст. Ҳамон паҳлавони он сол омада, ки Ҳайдаршо ном доштааст, хеле чобук буда, пайу қадам карда, дар ҳар деҳа паҳлавонҳои моро зада солимро гирифта, пеш мерафт.
  Паҳлавонони ванҷӣ бошанд, сарҳо кашол, аз қафояшон пиёдаву чорпосавор (мошин дар он замон набуд) то деҳи калони дигар мерафтанд, ки шояд паҳлавоне пайдо мешаваду ин “гӯли сия”-ро меафтонад. Дарвозиҳо шӯхӣ мекарданду лабхандашон аз лабон канда намешуд. – “Ҷунтуна маст кна палвондорое, аст дар деҳоои болота дига хшғел ё бгардем?” – мегуфт, пири дарвозӣ, ки калонашон буду бештар гап медод.
  Корвон ба Удоб расид ва чун гуфтанд, ки гӯштин дар Дашт мешаваду хирманҷои калон он ҷост, рост ба он сӯ ҳай карданд. Хирман каме дуртар аз фермаҳои куҳна, дар ҳамон ҷое, ки акаи Бахтӣ хона задани буду булно канда, як-ду девол карда, партофту ба шаҳр кӯчид, буд. Аллакай ҳама аҳли деҳа ҷамъ шуда буданду деге андохта, барои меҳмонон шӯрбо мепухтанд.
  Пешниҳод шуд, ки паҳлавонҳо як даст бигиранду баъд гирди дастархон шинанд. Аз он ҷониб паҳлавони дарвозӣ ба миёни майдон даромаду як давр заду ҳариф хост. Аз ин ҷониб хомушӣ, ниҳоят духтаре болобаланду қавиҳайкал, вале на мардакранг, балки серқошу мижа, сурхияш бо сафедияш бозӣ мекард, дар қад аз паҳлавони дарвозӣ кам набуд.
  Шояд касе гӯяд, ки он замон занон чунин озодиву шуҷоат надоштанд, бовар накунед. Ӯ духтари калонии деҳқони миёнҳол бобои Нишон – Аввалмоҳ буд (баъдтар ба Шрговад шӯ кард). Паҳлавони дарвозӣ хост аз қуваозмоӣ бо зан худдорӣ кунад, вале Аввалмо мегӯяд: – “Ага мна бзана хдма овӣ кме!”. Ин ҷавоб ба ҳама писанд омад ва мусобиқа оғоз шуд. Аввалмоҳ домони куртаашро болотар барзада буд, то халал нарасонад ва аз болояш чапане пӯшида, камар баста буд. Паҳалвони дарвозӣ аз гиребони Аввалмо дошта, пеш мекашад, духтар аз ҳарду барии камарбандаш дошта, бо фанди сари сина ӯро мебардорад. Даҳони ҳама як лаҳза боз мемонад.
  Духтар Ҳайдаршоро дар ҳаво чапагардон карда, ба тарафи рости худ гардонда, маҳкам ба замин мезанад. Ғирев мехезад ва ҳама аз ҷои худ ҷаста мехезанд. Паҳлавони шикастхӯрда, ки сиёҳтоб будаст, рухсорааш сурх мешаван. Дасти паҳлавондухтарро мебардоранд. Солиме, ки монда буданд, миқдори намак ба қадри қуввати бардошт буд. Ҳанӯз хеле аз бор монда буд ва корвониҳо нияти то сари Ванҷ рафтан доштанд.
  Аввалмо ба назди ҷуволҳои намак омада, сари по нишаста, якеро озодона зери бағал гирифта, рост мешавад ва мефармояд то дуюмашро ҳам дар таги кашаш гузоранд, баъд ҳардуро 20-30 метр онсӯтар бурда ба замин мемонад. Дарвозиҳо ба тааҷҷуб абрӯи худ боло карда, ба пир менигаранд ва бо ишораи ӯ ҳама хомӯш савори чорпоёни худ мешаванд ва маътали нони чошт нашуда, калапо мекунанд. Аз ин сӯ пирони кор ба онҳо миқдоре гӯшту сағал мефиристонанд. Меҳмонон то Дарвоз расидан дигар ҷое манъ намекунанд. Баҳодури Ҷумъа.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.