Абӯҳанифа ва мансабҳои пешниҳодӣ

  Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит фақеҳ ва поягузори мазҳаби ҳанафӣ аз мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат мебошад, ки ҳанафиён ӯро “Имоми Аъзам” ва “Сироҷулаимма (Чароғи имомон)” лақаб додаанд. Ба шарофати Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гаштани соли 2009 шинохти бархе аз мардум аз ин шахсияти барҷаста бештар ва воқеитар гардид.
  Дар баробари шинохти беҳтари Имоми Аъзам, аз ҷониби баъзе дигар муаррифии Имоми Аъзам ба ҳадди муболаға расид ва ҳатто ӯро ба мақоме расонданд, ки гӯиё дар шаби Меъроҷ паёмбари гиромиамон, дуруду паёми Худо бар ӯ бод, аз ӯ ёду номашро зикр кардааст. Чунин гуфтаҳо, ки дар сарчашмаҳои муътамади исломӣ ҷой надорад, онро барои оммаи мардум гуфтан айни савоб нест. Хусусан вақте, ки он тавассути шабакат телевизионие бо беш аз 5 миллион бинанда дар кишвар ба оммаи мардум расонида мешавад… Зеро муҳаббати шахсиятҳои барҷаста дар вуҷуди пайравонашон танида шуда, ҳар чиро, ки мусбат бошад ба боварӣ пазиро мешаванд, вале вақте таҳқиқоту пажуҳише баъдан анҷом мегираду аслу ҳақиқати он дигаргуна гуфта мешавад, муҳаббату эҳтироми самимии шахсро халалдор месозад. Бояд ҳар сухан, ки дар бораи шахсиятҳои барҷаста гуфта мешавад, омӯхтаву санҷидаву воқеӣ бошад, на аз раҳи муболағаву зиёдаравӣ. Дар зер посух ба суоли хонандагоне оварда мешавад, ки хостааанд дар бораи поёни умри Имоми Аъзам ва мансабҳои пешниҳодшуда ба ӯ бинависем.

Даргузашти Абӯсулаймон ва афзоиши нуфузи Абӯҳанифа

  Дар соли 120-и ҳиҷрӣ Ҳаммод ибни Абӯсулаймон – устоди вижаи Абӯҳанифа аз ҷаҳон даргузашт ва барҷастатарин шогирди ҳалқаи ӯ марҷаи судури фатво ва тадриси фиқҳ гардид ва аз ҷойгоҳи иҷтимоии вижае бархӯрдор гашт. Дигар ҳама шогирдон ва ононе, ки Ҳаммод ибни Абӯсулаймонро фақеҳи баркамолу муҳтарам медонистанд, барои посух ёфтан ба пурсишҳои шаръӣ ва омӯхтани фиқҳ назди Абӯҳанифа меомаданд.
  Замони ба ҷойгоҳи иҷтимоии вижа расидани Абӯҳанифа дар сари қудрату хилофати вақт Умавиён буданд ва дар фосилаи солҳои 121 то 132-и ҳиҷрӣ вопасин солҳои хилофати онҳо паси сар мешуд. Абӯҳанифа бо дидгоҳҳои эътиқодии хоси худ ва ба унвони як фақеҳи мухолиф бо фасоди дастгоҳи ҳукумати вақти Умавиён, бисёр мавриди таваҷҷӯҳи гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат, ғайр аз хориҷиҳо, қарор гирифт.

Қиёми Зайд ибни Алӣ зидди умавиён

  Дар солҳои 121-122-и ҳиҷрӣ Зайд ибни Алӣ зидди Умавиён қиём кард. Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб марде бо ҷалолату қадру ниҳоят парҳезгор буд. Пайваста Бани Умайя аз қиёми вай дар ҳарос буданд. Ин ҳароси Умавиён то ҷое расид, ки Ҳишом ибни Абдулмалик (аз халифаҳои Бани Марвон) Зайдро ба вадиате аз Холид ибни Абдуллоҳ ал-Қусрӣ муттаҳам дошту ба ӯ нома фиристод, ки назди Юсуф ибни Умар амири Куфа равад. Зайд ба Кӯфа рафта Юсуф аз он ҳол бипурсид. Чизе бар вай собит нагашту Юсуф ӯро қасам доду баргардонид. Пас аз ин моҷаро Зайд ба қасди Мадина берун шуд. Мардуми Кӯфа бар вай гирд омаданд ва гуфтанд инҷо сад ҳазор шамшерзан ҳаст, ки ҳама дар рикоби ту ҷон супурдан хоҳанд. Бозгард то бо ту байъат кунем ва аз Бани Умайя дар ин шаҳр қалиле бошанд ва мо бар онҳо пирӯз оем. Зайд гуфт: ман аз ғадри шумо бим дорам, ки бо ман он кунед, ки бо ҷадди ман Ҳусайн раво доштед. Онҳо савганд ёд кардан два Зайдро аз роҳаш баргардонданд. Танҳо 15 000 нафар аз Кӯфа ба ғайр аз мардуми Басраву Воситу Мавсилу Хуросон бо Зайд ибни Алӣ байъат карданд. Дар китобҳои “Комил”-и Ибни Аси-р ва “Ҳабибуссияр”-и Навбахтӣ омадааст, ки дар он ҳол Зайд изҳор дошт: ба Худо қасам, ман аз ҷадди хеш гарм доштам, ки бо ӯ бар Кавсар ҳозир оям дар миёни уммату амр ба маъруфу наҳй аз мункар нокарда! Онгоҳ даъват ошкор кард ва Юсуф амири Кӯфа аз умавиён лашкаре бузург гирд оварда, миёни ҷонибдорони Зайд ибни Алӣ ва лашкари тарафдорони Бани Умайя ҷанг, сахту азим даргирифт. Дар охир лашкари Зайд пароканда гашт ва гурӯҳе кам бо ӯ монданду дар ниҳояти корзор тире бар пешонии ӯ расид. Ҷонибдоронаш ҷасади ӯро ба хок супурда, болои қабрашро об монданд, то Юсуф ҷасади вайро пайдо накунад. Ба ривояте Юсуф – амири ҳамон вақти Кӯфа ҷасади Зайд ибни Алиро пайдо намуда, аввал дар салиб овехта, баъдан оташ зада, хокистарашро ба Фурот партофт. Бо ҳамин қиёми Зайд ибни Алӣ ба анҷом расид, вале ҷонибдорони зиндамондааш дар атрофу гӯша¬ҳои хилофат ташнаи қассоси хуни ӯ аз Умавиён буданд.

Абӯҳанифа Зайд ибни Алиро ёрӣ медод…

  Муаррих ва насабшиноси садаи савуми ҳиҷрӣ Аҳмад ибни Яҳёи Балозурӣ, аз муҳаддисин ва қориёни мазҳаби зайдия Муқотил ибни Сулаймон ибни Башири Хуросонӣ (вафоташ соли 150-и ҳиҷрӣ) ва бархе дигар аз донишмандон навиштаанд, ки дар ҷараёни қиёми Зайд ибни Алӣ Абӯҳанифа пинҳонӣ ӯро ёрӣ намуд ва молу ҷангафзор дар ихтиёраш қарор дод. Дар “Таърихи Табарӣ” омадааст, ки дар соли 126-и ҳиҷрӣ дар ҷараёни дарёфти амоннома барои бозгашти Ҳорис ибни Сурийҷ (яке аз саромадони инқилобгари Хуросон) ба Марв, Абӯҳанифа байни хуросониён ва Аҷлаҳ аз наздикони халифаи умавӣ нақши миёнҷигариро ифо намуд. Ҳорис ибни Сурийҷи тамимӣ аз номварони сокини Хуросон дар соли 116-и ҳиҷрӣ бар амири Хуросон хурӯҷ карда, ҷомаи сиёҳ пӯшид ва мардумро ба эҳёи дину Китобу суннати паёмбар (с) фаро хонд. Ба ҳамин минвол, аз итоати халифа Ҳишом ибни Абдулмалик сар боз заду сӯйи Форёб ва аз онҷо ба Балх рафт. Бо Насри Сайёр – амири Хуросон даргир шуд ва дар ҷанг шикаст хӯрда, бо 3 ҳазор аз лашкариёнаш 13 сол дар билоди туркҳо бимонд. Насри Сайёр барои Ҳорис амони Язид ибни Валидро хост ва Ҳорис ба Марв баргашт. Дар ҳамин дарёфти амоннома Абӯҳанифа нақши миёнҷигариро моҳирона анҷом дод ва ин бар обрӯи рӯзафзуни ӯ илова шуд. Дар фосилаи солҳои 127 то 128-и ҳиҷрӣ гурӯҳе аз хавориҷ ба роҳбарии Заҳҳок ибни Қайси Шайбонӣ Кӯфаро тасарруф карданд. Дар ҳамон рӯзҳо Абӯҳанифа бо онҳо даргири мунозароте будааст (аз “Доиратулмаорифи бузурги исломӣ” бо истинод аз кутуби торихӣ).

Пешниҳоди мансаб аз халифа Марвон

  Аз ҷониби халифаи умавӣ – Марвони дувум дар соли 129-и ҳиҷрӣ Язид ибни Умар ибни Ҳубайра ба фармонравоии Ироқ мансуб шуд. Ибни Ҳубайра Абӯҳанифаро ба тасаддии қазо (додгустарӣ) ва ба ривояте ба назорат бар байтулмол фаро хонд. Абӯҳанифа бо вуҷуди фишоре, ки Ибни Ҳубайра бар ӯ меовард, пешниҳоди ӯро рад кард (Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, моддаи “Абӯҳанифа”). Фишор аз ҷониби Ибни Ҳубайра Абӯханифаро мачбур сохт, ки Кӯфаро тарк гуфта, ба Макка биравад ва ду соли охири ҳукумати Умавиёнро онҷо бигзаронад. Дар Макка дар ин муддат ба таблиғи эътиқодот ва андешаҳои фиқҳии худ пардохт ва бо донишмандон ба мунозара мешуд.

Бозгашти Абуҳанифа ба зодгоҳаш Кӯфа

  Ҳамзамон бо айёми сари қудрат омадани Аббосиён (муддати хилофатшон 132 то 656-и ҳиҷрӣ) пас аз суқути Умавиён дар соли 132-и ҳ.қ. Абӯҳанифа ба Кӯфа баргашт. Дар он давра Абулаббос Абдуллоҳ ас-Саффоҳ (132 то 136-и ҳиҷрӣ) дар тахти хилофат, ки он замон дар Ҳошимия – шимолии Кӯфа ҷой дошт, менишаст. Халифа ас-Саффоҳ охирин халифаи Умавиён Марвони дуввум мунқариз ва афроди хонадони ӯро ба қатл расонид. Торихнигороне чун Закариё ибни Маҳмуди Қазвинӣ аз донишмандони қарни 7-и ҳиҷрӣ ва Изуддин ибни Абилҳадид – муаррих ва адиби дарбори Бани Аббос (588 – 655-и ҳ.қ.) Абӯҳанифаро мункири хилофати Аббосиён дониста, навиштаанд, ки ӯ ҳаргиз бо халифаҳо Саффоҳу Мансур байъат накардааст.
  Дар “Доиратулмаорифи бузурги исломӣ”, нашри Теҳрон (с. 1372 ҳ.ш.) ба нақл аз сарчашмаҳои торихӣ зикр гардидааст, ки “мухолифати хомӯши Абӯҳанифа (бо Аббосиён – З.Д.) замоне ошкор шуд, ки дар соли 145- ҳ.қ. Иброҳим ибни Абдуллоҳи Ҳасанӣ аз имомони Зайдия дар Басра бар зидди хилофати Абӯҷаъфар Абдуллоҳи Мансур (136-158-и ҳ.қ.) қиём кард ва Абӯҳанифа нуфузи худро дар таъйиди ин қиём ба кор гирифт. Ӯ мардумро ба ёрии Иброҳим тарғиб мекарду дар номае аз Иброҳим даъват кард, то ба Кӯфа биёяд ва аз ёрии бештари ӯ бархӯрдор гардад … Бо вуҷуди ин, ки қиёми Иброҳим ба зудӣ саркӯб шуду Мансур бо ёрони ӯ ба хушунат рафтор кард, вале риҷол (мардон)-и пурнуфуз – ҳамчун Абӯҳанифа ва ёри ҳамфикраш Масъар ибни Каддом аз таарруз масун (эмину маҳфуз) монданд”.

Пешниҳоди мансаб аз ҷониби халифаи аббосӣ

  Дар солҳои поёнии умри Абӯҳанифа халифа Абӯҷаъфар Абдуллоҳи Мансури аббосӣ мансаби қазо (қазовату доварӣ дар хилофат)-ро ба вай пешниҳод кард. Абӯҳанифа пешниҳоди халифаро напазируфт. Дар “Доиратулмаорифи бузурги исломӣ” ба нақл аз Табарӣ оварда шудааст, ки дар пайи напазируфтани мансаби қазо халифа Мансур Абӯҳанифаро ба назорат бар сохтмони шаҳри Бағдод мулзам сохт. Агар ин ривоят рост бошад, пофишории Мансур бар ин, ки Абӯҳанифаро ба умури девонӣ бикашонад, мумкин аст вокунише дар баробари пешинаи сиёсии вай буда бошад.
  Соли 148- ҳ.қ. дар наздикии Мавсил Ҳассон ибни Муҷолиди хориҷӣ зидди халифа Мансур қиём кард. Халифа Мансур, ки аз мавсилиён ба хашм омада буд, Абӯҳанифа ва ду фақеҳи дигар аз кӯфиёнро эҳзор кард то бар нақзи аҳдномаи собиқи халифа бо мавсилиён мӯҳри таъйид ниҳода, ӯро дар саркӯб кардани ишон бар савоб шуморанд. Вале Абӯҳанифа раъйе бар хилофи майли халифа иброз дошт ва халифа ночор шуд, ки аҳдномаи мазбурро барҷо шуморад (Ибни Касир, Изуддин 5/585).

Фарохонӣ ба Бағдод ва ҳабс шудани Абӯҳанифа

  Дар охирин рӯзҳои зиндагонии Абӯҳанифа, халифа Мансур ӯро ба Бағдод даъват намуд ва далеле, ки дақиқан рӯшан нест, фақеҳи саршиноси Кӯфаро ба ҳабс андохт. Дар ҳабс Имоми маъруфу муҳтарами Кӯфа пас аз рӯзаке чанд ҷон ба ҷонофарин супурд. Шогирди содиқаш Зуфар ибни Ҳузайл бар он буд, ки устодашро дар зиндон заҳр хӯронидаанд. Тибқи навиштаи бархе торихнависҳо, мисли Ибни Надим ва Хатиб, пайкари Абӯҳанифаро аз зиндон бурда, Ҳасан ибни Умораи Буҷлӣ – муҳаддиси кӯфӣ бар он намоз гузорда, дар мақбараи Хайзурони Бағдод ба хок супурданд. Ривояте ҳам вуҷуд дорад, ки худи халифа бар пайкари Абӯҳанифа намози ҷаноза гузоштааст. Пайравони мактаби фиқҳии Абӯҳанифа дар соли 459-и ҳиҷрӣ бар мадфани ӯ қуббае сохта, дар ҷавори он мадрасае барпо карданд. Феълан маҳаллае, ки мақбараи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дар он воқеъст, “Ҳай ал-аъзамия”, яъне маҳаллаи Имоми Аъзам гуфта мешавад. Зоишоҳи Давлат. 2009-05-06.

 

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.