Абдусаломбекпаҳлавон

  abdsalombegplvnАбдусаломбек писари Абдукаримбек тахминан соли 1905 дар маркази мавзеи Ванҷ – Рохарв ба дунё омадааст. У анъанаҳои варзишии пешгузаштагони худро нигоҳ дошта, бо зӯри ҷисмонӣ ва маҳорати гӯштигирии худ дар байни халқи диёр ва берун аз он шӯҳрат ёфта буд.
  Абдусаломбек дар мусобиқаҳои варзишии маҳаллӣ, вилоятӣ ва минтақавӣ борҳо ғолиб омадааст. Шоҳидон гӯштии ӯро бо Саъдон паҳлавони дарвозӣ, ки қариб тамоми ҳарифонашро дар Кӯлобу Қаротегину Бадахшону Афгонистон мағлуб карда буд, ба қувваи дасти ин паҳлавони ванҷӣ тоб наоварда бохти худро пазируфтааст, ёд доранд. Ӯ ягона марде буд, ки чун ҳарифи ҷиддии Дилдорпахдавон шинохта мешуд.
  Абдусаломбек ҳамчунин дар кӯҳгардӣ, шиноварию пойгаи асп, човандозию чавгонбозӣ шоистаи таҳсини ҳамзамонон гашта буд. Дар маъракаороӣ, ширинсуханию базлагӯӣ, меҳмоннавозӣ ва хислатҳои дигари ба ҷавонмарди асил хос буда, мақоми махсус дошт. Абдусаломбек шогирдони зиёде тарбия кардааст. Аз варзишгарони аз мактаби ӯ гузашта, алалхусус Ҳимматпаҳлавон минбаъд ба шӯҳрати воло соҳиб гардид.
  Ин марди шариф, ки зиёда аз 90 сол умр дида буд, имрӯз бо кору кирдори ҷавонмардонааш дар хотири ҳамдиёрон зинда аст. (Аз китоби «Ванҷ» -и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.